11 кушта ва 30 захмӣ дар Бағдод

Инфиҷори як мошини бамгузоршуда дар маркази Бағдод имрӯз 11 нафарро кушта, зиёда аз 30 нафари дигарро захмӣ кард. Полис мегӯяд, ин қурбониён ғайринизомӣ будаанд. Дастикам як зан ва як кӯдак низ дар ин таркиш ба ҳалокат расидаанд.