Вокуниши ҷаҳон ба куштори Беназир Бҳутто

Ҷонибдорони Беназир Бҳутто тобути ӯро аз бемористони Равалпинди мебароранд

Сарварони кишварҳои ҷаҳон куштори раҳбари мухолифини Покистон Беназир Бҳутторо қотеъона маҳкум карда, онро ҳамлаи рӯирост ба демократия хонданд.

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш зимни сӯҳбати телефонӣ бо Парвиз Мушарраф қатли хонум Бҳутторо амали буздилона номида, гуфт ИМА ин амалро, ки аз ҷониби ифротгароёни қотил барои ҳамла ба демократияи Покистон анҷом шудааст, қотеъона маҳкум мекунад. Омилони ин ҷиноят бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дабири Кулли СММ Бан Гимун сӯиқасдро “ҷинояти золимона” хонда гуфт, ин “таҷовуз ба субот дар Покистон ва равандҳои демократӣ” дар пешорӯи интихоботи парлумонии 8 январи соли оянда мебошад. Шурои Амнияти СММ баъд аз қатли Беназир Бҳутто нишасти изтирорие баргузор карда, сӯиқасдро амали ғайриинсонии террористӣ номид.

Баъди қатли раҳбари Ҳизби Мардумии Покистон мавҷи нооромиҳо баъзе аз манотиқи кишварро фаро гирифт ва кишварҳои ҷаҳон аз мақомоти Исломобод даъват намудаанд, ки амну суботро таъмин намоянд. Парвиз Мушарраф дар саросари Покистон се рузи мотам эълон намуда ва бо муроҷиат ба мардум онҳоро ба хештандориву оромӣ даъват кард, то нақшаҳои террористон ки қасд доштанд вазъро муташанниҷ кунанд амалӣ нашавад.

Ҳамлаи маргбор ба Беназир Бҳутто дар шаҳри Равалпанди ду ҳафта қабл аз интихобот сурат гирифт. Ҳамлавар ду маротиба ба гардани хонум Бҳутто тир андохта ва сипас худро мунфаҷир кардааст. Дастикам 20 нафари дигар ки нахуствазири собиқро ҳамроҳӣ мекардаанд низ ба ҳалокат расидаанд. Баъд аз бозгашти дубораи Бҳутто ба Покистон дар моҳи октябр ин дувумин кушиши сӯиқасд ба ҷони ӯ буд. Дар натиҷаи сӯиқасди аввал 139 нафар ба қатл расида буд.

Ҳамсоякишварҳои Покистон, ки имкони аз зери идораи ҳукумат баромадани вазъ дар ин кишвари мусаллаҳ бо силоҳи атомӣ онҳоро амиқан нигарон мекунад, ба қатли Бҳутто вокуниши шадид нишон додаанд. Вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон гуфт, аз ин амал такон хурда ва ба ваҳшат афтодааст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, ки чанд соат пеш аз қатли Бҳутто бо ӯ вохурда буд, сӯиқасдро амали ваҳшатноки бесобиқа алайҳи яке аз пешқадамтарин занҳои ҷаҳонӣ Ислом номид ва гуфт, хабари қатли духти маъруфи Покистон ва ҷаҳони исломӣ Беназир Бҳутто маро сахт такон дод. Ӯ дар натиҷаи ҳамлаи номардона шаҳид шуд. Анҷомдиҳандагони ин ҳамла бидуни шак душманони сулҳу осудагии Покистон ва ҷаҳони Ислом мебошанд.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Канада, Ватикан, кишварҳои Араб ва ва дигар кишварҳои ҷаҳон қатли Беназир Бҳутторо қотеъона маҳкум намуда онро амали террористӣ хондаанд.