Мақомоти Тоҷикистон: 3 нафар зери тарма мондаанд

Мақомоти расмии Тоҷикистон имруз эълон карданд, ки дар натиҷаи резиши тармаи 21-уми декабр дар 67 километрии роҳи Душанбе-Хуҷанд на 15 нафар, балки се нафар кушта шудаанд. Қаблан вазорати дохилаи Тоҷикистон шумораи кушташудагон дар ин ҳодисаро 15 нафар гуфта буд.