Кӯҳансолтарин зоири имсолаи Маккаи Мукаррамаву Мадинаи Мунаввара саудии 124-сола Мидҳас ар-Рашидӣ будааст.
Нашрияи саудии «Ар-Риёз» навиштааст, ин ҳоҷии кӯҳансол ҳамчунин талабгори як рекорди дигари Гиннес низ мебошад. Ӯ барои 95-умин бор эҳром ба бар кардааст.
Ӯ ҳамчунин ягона шаҳрванди Саудӣ будааст, ки дар рикоби шоҳи кишвараш малик Абдул Азиз ҳаҷ кардааст.
Мидҳас ар-Рашидӣ ҳанӯз қабл аз он ки ар-Риёз пойтахти Саудӣ эълон шуда буд, таваллуд шудааст. Ӯ ятим бузург шуда будааст, зеро падараш дар мубориза барои истиқрори салтанати шоҳӣ ҷони худро бохтааст.
Ар-Рашидӣ се бор хонадор шуда буда соҳиби 7 фарзанд будааст.
Кӯҳансолтарин ҳоҷӣ ба нашрияи кишвараш гуфтааст, ҳаҷ умрашро дароз ва равонашро оромӣ мебахшад.