Дар намози иди Қурбон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, бахши аъзами намозгузорон муҳоҷирони кории Тоҷикистон буданд.
Фаррух Набизода, яке аз намогузорон, ба Родиюи Озодӣ гуфт: «Ман чандин сол аст, ки намози идро дар масҷиди ҷомеъи Маскав адо мекунам ва ҳар ид шумори ҳарчи бештари тоҷиконро дар он мушоҳида мекунам. Масҷиди ҷомеъи Маскав барои муҳоҷирон ҳам макони адои фароизи исломӣ ва ҳам макони дидор шудааст».
Намозгузори дигари тоҷик гуфт, ки иди Қурбонро дар Русия бори аввал таҷлил мекунад. Вай ҳамроҳ бо паёми идона ба пайвандони худ эълом кард, ки пас аз намоз дар иҷтимоъ бо дӯстонаш идро ҷашн мегирад.
Як намозгузори дигар бо табрик аз муҳоҷирон хоҳиш кард, то меҳри ёру диёрро аз ёд набаранд ва, агар ҳеҷ коре ҳам аз дасташон сохта нашавад, бо як тамоси телефонӣ хотири аҳли байти худро шод намоянд.
Комилаёр, як тоторзани қримӣ, ки аз канора ҷараёни намози ид дар масҷиди ҷомеъро назора мекард, гуфт, ки феълан дар Қрим падар, шавҳар ва фарзандаш дар намоз ҳастанд, ва ӯ ки дар инҷо хостааст шеваи таҷлили намози ид дар Маскавро бо чашмони худ бубинад. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки аз ин иҷтимоъи бузурги идона хеле хушнуд шудааст.
Пеш аз оғози намози ид муфтии аъзами мусалмонони Русия шайх Равил Ғайнуддин мусалмонони Русияро ба иди Қурбон табрик кард. Вай, аз ҷумла, гуфт: «Дини ислом ойини тавҳидиву инсонпарвар аст ва дар таҳкими ваҳдати мардуму суботи кишвар нақши мондагор дорад». Муфти аъзами Русия ҳамчунин паёми табрикии раиси ҷумҳури Русия В. Путинро ба мусалмонони ин кишвар қироъат кард.
Намозгузори дигари тоҷик гуфт, ки иди Қурбонро дар Русия бори аввал таҷлил мекунад. Вай ҳамроҳ бо паёми идона ба пайвандони худ эълом кард, ки пас аз намоз дар иҷтимоъ бо дӯстонаш идро ҷашн мегирад.
Комилаёр, як тоторзани қримӣ, ки аз канора ҷараёни намози ид дар масҷиди ҷомеъро назора мекард, гуфт, ки феълан дар Қрим падар, шавҳар ва фарзандаш дар намоз ҳастанд, ва ӯ ки дар инҷо хостааст шеваи таҷлили намози ид дар Маскавро бо чашмони худ бубинад. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки аз ин иҷтимоъи бузурги идона хеле хушнуд шудааст.
Пеш аз оғози намози ид муфтии аъзами мусалмонони Русия шайх Равил Ғайнуддин мусалмонони Русияро ба иди Қурбон табрик кард. Вай, аз ҷумла, гуфт: «Дини ислом ойини тавҳидиву инсонпарвар аст ва дар таҳкими ваҳдати мардуму суботи кишвар нақши мондагор дорад». Муфти аъзами Русия ҳамчунин паёми табрикии раиси ҷумҳури Русия В. Путинро ба мусалмонони ин кишвар қироъат кард.
Бино бар омори муфтиёти Русия, дар ин кишвар ҳудудан 20 миллион мусалмон ба сар мебарад. Ба таъйиди ӯ, тоторҳо, бошқирдҳо ва бахши аъзами мардуми Қафқози шимолӣ мусалмони бумивуаҳли суннат ҳастанд ва теъдоди мусалмонон аз ҳисоби муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, сол то сол афзоиш меёбад.
Муфтиёти Русия ҳам ахиран тарҳеро рӯи даст гирифтааст, ки маҷсидро барои 15 000 намозгузор васеъ намояд. Ҳамин тавр, ба далели сохтмон дар атрофи масҷид, намозгузорон намози идро дар ҳошияи масҷид, дар гилеми сафеди барфи навборида, дар ҳавои боз баргузор карданд.
Бино бар иттилоъи расонаҳои хабарӣ, Иди Қурбон рӯзи панҷшанбе дар тамоми манотиқи мусалмоннишини Русия таҷлил гардид ва муҳоҷирони тоҷик ҳам дар он ширкати густурда доштанд.