Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ фаро расидани Иди Қурбонро ба ҳамаи шумо, азизон, муборак мегӯяд ва бароятон саховату бурдборӣ орзу мекунад.
Иди Қурбон як ҷашни амиқан рӯҳонии мардуми мусулмон мебошад, ки паёми фалсафии он аз таърихи куҳани аҳли башар ва динҳои ҷаҳонӣ бармехезад. Ин паём инсонҳоро ба порсоӣ ва накӯкорӣ, тақво ва ҳамдардӣ, мадад ба ҳамтоҳои ранҷуру камтавон ва омодагӣ ба қурбон кардани азизтарин чизи хеш дар роҳи аҳдофи бузург ва инсонпарварона даъват мекунад.
Шод бод диле ки чунин паёмро бипазирад ва дар ин рӯз даст ба кори хайр занад, аз ҳоли бечорагон хабар гирад, ба зиёрати мазори гузаштагон ва аёдати беморон бишитобад ва ғизои худро бо дигарон қисмат кунад. Иди покию порсоӣ ва ҳамдилӣ ба ҳамаи шумо муборак бод.