Дар варақаи иттилоотие, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз номи Департаменти давлатии ИМА ба хабарнигорон ирсол доштааст, омадааст, миёни зоирони амрикоӣ шумори ҷавонони соҳибмаълумоти 20-30 сола чашмрас аст. Рита Завайде, як корманди ширкати сайёҳӣ дар Сиэтл, ки барои зоирони амрикоӣ чиптаҳои ҳавопаймоӣ дарёфт мекардааст, гуфтааст, ин як тамоюли нав мебошад.
Ҳаҷ – рукни панҷуми Ислом буда иҷрои ҳадди ақал як маротибаи он барои ҳар мусалмоне, ки имкон дорад, фарз аст. Маъмулан, мусалмонони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Тоҷикистон, аввал оиладор ва соҳиби фарзанд мешаванду зиндагияшонро ба роҳ мемонанд, баъд ба ҳаҷ мераванд. Аммо амрикоиҳо маъмулан қабл аз издивоҷ роҳии сафари ҳаҷ мешудаанд, зеро дар ҷавонӣ имкони молӣ ва ҷисмонӣ доранд, ва ба қавли Аниса Маҳдӣ, ки дар бораи ҳаҷ филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст, пас аз издивоҷ имконоташон маҳдудтар мешудааст.
Филми бону Маҳдӣ бо номи «Андаруни Макка» дар бораи се мусалмоне аз табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки ба ҳаҷ рафтаанд, қисса мекунад. Ин филм бо фармоиши «Нейшнл Ҷиографик» ба навор гирифта шуда ва ҷоизаи «Эмми»-ро ба даст оварда будааст. Дар варақаи иттилооти сафорати Амрико суханони хонум Маҳдӣ оварда шудааст, ки мегӯяд, «Ҳаҷ – ин як санҷиши душворест, ки нерӯи ҷисмонӣ, сабру таҳаммул ва бардоштро талаб мекунад. Маъмулан, афроди бузургсин ба ҳаҷ мераванд, то ҳаёти фонии худро анҷоми шоиста бахшанд, вале албатта, одамони тансиҳат ва қавӣ беҳтар ин сафарро анҷом медиҳанд.»
Дар масоҷиди амрикоӣ барои зоирон омӯзиши тариқаҳои ба ҷо овардани маросимҳои ҳаҷ ба воситаи барномаҳои PowerPoint гузаронида шуда будааст. Аниса Маҳдӣ гуфтааст, имрӯз нисбат ба солҳои кӯҳан ба ҷо овардани ҳаҷ ба маротиб осонтар шудааст, ҳадди аксар имрӯз зоирон як моҳро сарф мекунанд, ва ҳол он ки солҳои қабл, ки на тайёра буду на қатора, зоирон моҳҳо пои пиёда сӯи Маккаи Мукаррама қадам мезаданд.
Дар иттилоияи сафорати тоҷикистонии Амрико омадааст, ба мисли мусалмонҳои ҳар кишвари дигар, он мусалмонҳои амрикоӣ низ, ки ба ҳаҷ нарафтаанд, дар ин рӯзҳо дасти хайру саховат боз мекунанд ва мисол оварда шудааст, ки як Шӯрои мусалмонон дар иёлати Мериленд ба оилаҳои фақир ва ниёзманд ғизо ва ба атфоли онон бозичаҳо тақсим кардааст.