Маҳбусон дар номаи худ навиштаанд, аксари онҳо маъюб ва солхурда ҳастанд ва тибқи қонуни афви ахир, мебоист, муҳлати ҷазояшон камтар ва ё аз маҳбас озод мешуданд. Аммо ин тавр нашуда, пас аз тағйиру иловаҳо ба қонуни афв муҳлати иҷрои ҷазо тағйир дода шудааст, ки дар натиҷа онҳо озод нашуданд. Чуноне ки дар ин нома омадааст, дар ин амал онҳо масъулини зиндонро айбдор медонанд.
Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, то кунун аз ҷониби маҳбусин номае нагирифтаанд, вале вай афзуд, афроде, ки барои қочоқи теъдоди зиёди маводи мухаддир маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд, сарфи назар аз бемориву маъюбӣ ва солмандиашон.
Вазорати адлияи Тоҷикистон низ дар суҳбати телефонӣ дарёфти нома аз тарафи маҳбусонро тасдиқ накард.
Дар ҳамин ҳол, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир, номаи 60 маҳбус, ки аз нақзи ҳуқуқи худ шикоят кардаанд, мавриди омузиш қарор дорад ва қарор аст, дар рӯзҳои наздик порлумон ба мақомоти зидахли кишвар дар робита ба ин нома посух диҳад.