Додгоҳ додситониро муттаҳам мекунад

Додгоҳи ноҳияи Шуғнон аъмоли додситонии шаҳри Хоруғро дар мавриди ғайриқонунӣ аз кор озод намудани ронандаи ин идора муттаҳам дониста, ғуброни зарари моддӣ ва маьнавиро дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ба фоидаи ҷабридда эълом дошт.

Ҳукми додгоҳ дар ҳоле содир шудааст, ки даъвогар Назархудо Давлатназаров чанде қабл бар асари хуруҷи як беморӣ нобаҳангом аз дунё даргузаштааст, аммо хонаводааш барои баррасии аризаи ҷабрдида оид ба барқарор намудан ба ҷои кори пештара ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ исрор варзидааст.

Додгустар Батир Хидиров гуфт, ки мақомоти додситони ҳангоми аз кор озод намудани ронанда, ки 23 сол дар ин идора шуғл варзидааст, татбиқи таъиноти моддаи қонунро, ки иваз шудани моликро дар назар дорад, асос кардааст, аммо аз назари додгоҳ мафҳуми молик аз ҷониби додситонӣ дар мавриди зикршуда нодуруст талаққӣ шудааст ва бинобар ин додгоҳ амали додситониро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, ҷабрдида ҳамчунин бар хилофи шартномаи меҳнатӣ аз кор озод шудааст.

Аммо мақомоти додситонӣ дар эътирози хеш нисбати ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки ҷабрдида ҳануз дар вақти дар ҳаёт буданаш ба ҷои кориаш барқарор гардидааст, вале ба ҷои корӣ ҳозир нашудааст, ва бинобар ин ҳукми додгоҳро беасос мешуморад. Вале ҳимоятгари ҳуқуқӣ, роҳбари бахши ҷумҳуриявии Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва қонуният дар ВМКБ Манучеҳр Холиқназаров изҳор дошт, ки ҷабрдида аз ҷониби мақомоти додситонӣ дар мавриди ба кор барқарор гардиданаш иттилоъ нагирифтааст ва пешниҳоди санад на дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, балки ҳангоми баррасии парванда дар додгоҳ хаққонияти онро зери шубҳа гузошта ва аз ин рӯ додгустар бо талаби тарафи даъвогар илова кардани онро ба маводҳои баррасишуда лозим нашуморидааст.

Ба гуфтаи ҳимоятгари ҳуқуқӣ, расман сабаби марги ҷабрдида хуруҷи бемории зардаи гурда нишон дода шудаааст, аммо пизишкони муолиҷакунанда дар ҷараёни мурофиъаи додгоҳӣ таъйид карданд, ки бемор зери фишори равонӣ қарор дошта, ин ҳолат ба вазъи саломатиаш таъсир гузоштааст. Ҳимоятгари ҳуқуқӣ гуфт, бинобар ин сабаб ҷониби онҳо даъвогар хоҳад шуд, ки додситонӣ ҳаҷми бештари зарари маънавиро пардохт кунад.

Аммо додгустар баён дошт, ки ҳангоми таъини ҳаҷми зарари расондаи маънавӣ усули адолат татбиқ шудааст, зеро, ба гуфтаи вай, имконоти молии додситонӣ бинобар ниҳоди гайритиҷоратӣ буданаш маҳдуд будааст. Дар ҳамин ҳол чанде қабл ба шуъбаи корҳои дохилаи шаҳр ва мақомоти додситонӣ аз ҷониби сардори беҳдошт ва вогиршиносии Бадахшон ариза дар мавриди лату куб гардиданаш аз тарафи кормандони мақомоти додситонӣ ариза дохил шудааст. Аммо намояндаи додситон, ки риштаи тафтиши ҳодисаро дар даст дорад, мегуяд, бинобар тасдиқ нашудани далелҳо барои оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони додситонӣ асос мавҷуд намебошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи як манъба, сардори идораи беҳдошт ва вогиршиносӣ ба додситонии вилоятӣ даъват шуда ба ӯ гуфта шудааст, ки дар сурати исрор варзидан дар таҳқиқи минбаъдаи ҳодиса ба ӯ хатари аз вазифа сабукдушшудан таҳдид мекунад.