Аммо Фатҳиддин Муҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз», аз музокироти Тошканд, бо як санади имзошуда дар мавриди харидории 950 миллион метри мукааб гази табиӣ баргашт. Ахиран ҳайъате аз «Тоҷикгаз» бо ҳадафи гуфтушунид оид ба харидории гази Узбакистон ва таъини нархи он барои соли 2008 вориди Тошканд шуда буд. Раиси «Тоҷикгаз» гуфт, дар соли оянда Узбакистон интиқоли гази худ ба Тоҷикистонро то 250 миллион метри мукааб афзоиш хоҳад дод. Имсол Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ба ҷойи 700 миллиони ваъдашуда ҳамагӣ 650 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ кард.
Ва аммо масъалаи, ба истилоҳ, «дарднок» барои Тоҷикистон ин аст, ки Узбакистонро барои ба нархҳои ҷаҳонӣ баробар накардани газаш бояд розӣ кунонад. Раҳбари ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Муҳсиддинов гуфт, ҷониби Узбакистон мехоҳад гази содирмешуда ба Тоҷикистонро ба нархҳои ҷаҳонӣ баробар кунад, аммо ҷониби Тоҷикистон хостааст, то ба эътидол омадани нарху навои газ дар ҷаҳон, муҳокимаи ин масъаларо ба таъхир андозад. Муҳсиддинов афзуд, масъалаи нарх дар муддати 2-3 рӯз бояд аниқ шавад. Ҳоло «Узтрансгаз» ҳуҷҷате оид ба нархгузорӣ омода карда истодааст ва баъд аз мувофиқа бо ҳукумати Узбакистон, онро барои мо эълом мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳоло чунин тахмин зада мешавад, ки нархи 1000 метри мукааб гази узбакӣ аз 130 то 150 доллар ва ҳатто беш аз ин ҳам муқаррар шавад.
Соли ҷорӣ арзиши ҳазор метри мукааб гази узбакӣ барои Тоҷикистон 100 доллар ва соли 2006 - 55 доллари амрикоӣ муқаррар шуда буд. Аммо таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, болоравии эҳтимолии қимати гази ворида аз Узбакистон, барои рушди кори корхонаҳои саноии Тоҷикистон монеъаи ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки бо афзудани баҳои гази узбакӣ, эҳтимоли муфлисшавии чанд корхонаи саноатӣ ва рақобатнопазир шудани молу маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ дар миён меояд. Корхонаҳои саноатӣ низ маҷбур хоҳанд шуд, ки қимати молҳои худро то 50 дар сад боло баранд.
Ин дар ҳолест, ки сабаби афзоиши ҳаҷми гази дархостшудаи узбакӣ барои соли оянда, афзоиши талаботи марказҳои гармидиҳии Душанбе, Ёвон ва Чкаловск ва чанд корхонаи Тоҷикистон ба ин навъи сӯзишворӣ унвон мешавад. Ҳоли ҳозир аз Узбакистон рӯзона то 3 миллион метри мукааб гази табиӣ вориди Тоҷикистон мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти «Тоҷикгаз», эҳтиёҷоти кишварро комилан бароварда месозад. Ҳоло дар Душанбе барои ҳазор метри мукааби ин навъи сӯзишворӣ 483 сомонӣ пардохт мекунанд.
Аммо дар шаҳру навоҳие, ки аз гази маҳаллӣ истифода мекунанд, мисли Қӯрғонтеппа, Румӣ ва Бохтар, барои ҳамин миқдор газ танҳо 190 сомонӣ пардохт мекардаанд. Масъулини корхонаи фаръии «Қӯрғонтеппагаз», ки масъул ба таъмини аҳолии минтақа бо гази табиӣ, мегӯянд, болоравии қимати гази Узбакистон ба афзудани баҳои гази маҳаллӣ таъсир нахоҳад расонид. Аммо «Тоҷикгаз» дар назди «Узтрансгаз», ки мехоҳад қимати сӯзишвории худро боло барад, масъулият гирифтааст, ки аз ин ба баъд маблағи газро пешпардохт мекунад.