Газу маҳсулоти нафтии туркман – ба Тоҷикистон

Дар мулоқоти ахири президентҳои Туркманистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Ашқобод як қатор санадҳои муҳим имзо шуданд.
9-уми декабр баъди анҷоми гуфтушунидҳои байни Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, дар Ашқобод изҳороти муштараки Тоҷикистону Туркманистон, Муоҳада дар бораи рӯгардонӣ аз молиётбандии дубора аз фоида ва маблағҳои пулӣ, Тавофуқи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳамдигарии иттилоъоти махфӣ, ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилии байнулмилалӣ ба тасвиб расиданд.
Дар мулоқоти худ президентҳои ду кишвар изҳори умед намуданд, ки фаъолияти муассири Маркази ахиран шурӯъ ба кор намудаи дипломатияи превентивӣ шароити муносиботи минтақавӣ ва таҳкими фазои боварӣ дар Осиёи марказиро муҳайё хоҳад кард.
Э. Раҳмон гуфт: «Яксон будан ё мавқеъҳои наздики Тоҷикистону Туркманистон аз рӯи бештари масоили сиёсати минтақавиву байнулмилалӣ ва набудани кадом як ихтилофи назарҳои сиёсӣ оғози хуби рушди баъдии муносиботи байни кишварҳои мо мебошад».
Гуфта мешавад, натиҷаи муҳимми фаъолияти муштараки сохторҳои ҳамсони ин ду кишвар дар давоми чанд моҳи ахир воридшавии энержии барқи Туркманистон ба Тоҷикисон ва таъсиси кумисюни байнидавлатии оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошанд. Тарафайн изҳори боварӣ намуданд, ки муносиботи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвари минтақа таҳрики нав ёфта, бо мундариҷаи тоза ғанӣ мегарданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки дар ояндаи наздик масъалаи содироти гази моеъ ва маҳсулоти нафтии Туркманистон ба Тоҷикистон ҳал мешавад.
Руасои ҷамоҳир ба кумисюни байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ супориш доданд, то ҷиҳати пайдо намудани ҳамкории мутақобилан судманд, ки яке аз самтҳои он ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ном бурда шуд, чораҳои зарурӣ бинад.