Серикболсин Абдилдин - раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон, ки солҳои аввали истиқлолият раиси Порлумони кишвар ва баъдан номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳур буд, бо такя ба таҷрибаи Қазоқистон мегӯяд, ки ягон раъйпурсӣ ва интихобот дар ин кишвар бидуни тақаллубу тахаллуф доир нашудааст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, ҳамаи интихоботҳо — чӣ парлумониву чӣ интихоботи раёсати ҷумҳур дар кулли кишварҳои минтака ба ҳам мушобеҳ будаанд, ба қавли ӯ. Ба ақидаи раиси Ҳизби коммунисти Қазақистон, муҳимтарин шабоҳати раъйпурсиву интихоботҳо ин аст, ки ин маъракаҳо таҳти назорат ва сарварии як нафар, яъне раисҷумҳур сурат мегиранд.
Чунин бархурди ҳокимиятро ба интихобот, ки яке аз пояҳои демократия аст, аҳли назар мерос аз даврони шӯравӣ медонанд, яъне, ҳама кор бояд зери назар ва ё таҳти сарварии, ба истилоҳ, хирадмандонаи ҳизб ё дабири кулл сурат бигирад ва дар шароити феълӣ, чунин хирадманд ва ягонаи замон раисҷумҳури кишварҳост. Вале тафовути интихоботи даврони шӯравӣ аз интихоботҳои замони истиқлолият ва эълони бунёди ҷомиаи демократӣ чист?
Коршиносон ин интихоботҳоро низ ҳамсони якдигар медонанд, яъне, ҳадафу мақсади онон якест, ки он на баёнгари хостаҳо ва раъйи мардум, балки хидмат ба гурӯҳи сарварон ё шахси алоҳида аст. Фақат тафовут дар сохтори интихобот аст. Яъне, интихоботи даврони шӯравӣ интихобот бидуни интихоб буд ва мардум ба як нафар раъй медод. Дар интихоботҳои ба истилоҳ озоду демократии кишварҳои ҳуқуқбунёди Осиёи Марказӣ интихоб ҳаст, вале ин интихоб ба таъйиди оқои Абдилдин, озодона нест ва ба истилоҳ, ба ҷои шумо интихоб мекунанд ва ё натиҷаи интихоби шуморо ба суди хеш анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, дар интихоботи ахири парлумонии Қазоқистон, ки Ҳизби ҳокими «Нуротан» соҳиби ҳама курсиҳои парлумон шуд, Любомир Копай – намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иброз дошт, ки ҷараёни шуморидани раъйҳоро беш аз 40 дарсади нозирони ин созмон бад ва ё басо бад арзёбӣ карданд.
Вале оё интихоботҳои кишварҳои минтақа аз ҳам тафовуте низ доранд? Сиёсатшинос Андрей Чеботарев, сарвари Маркази иттилоотиву таҳлилии «Алтернатива» дар ин робита мегӯяд, ки ҳарчанд ҳамаи ин интихоботҳо таҳти назари ҳокимият мегузаранд, вале табиист, ки ба андозае онон аз ҳам тафовут доранд. Зеро кишварҳои минтақа дорои сатҳи гуногуни маърифати сиёсианд ва сиёсатшинос вазъ дар Қирғизистону Ӯзбакистонро мисол меорад. Ӯ мегӯяд, дар Қирғизистон ба андозае озодии ин интихоботҳо ва таъсири созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ба онҳо ба мушоҳида мерасанд. Вале вазъ дар Ӯзбакистон комилан дигар аст ва дар ин кишвар интихобот пурра зери таъсири ҳукумат мегузарад ва онро наметавон ҳатто интихобот номид.
Оё чунин интихоботҳо, ки ба гуфтаи сиёсатшинос Эдуард Полетаев - сардабири маҷаллаи «Мир Евразии» сохта ва қолабианд ва саҳнаи театрро бо сарварии як коргардон ба хотир меоранд, ба ҷомеа заруранд? Серикболсин Абдилдин - раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон чунин интихоботҳоро барои ҷомеа нолозим ва сарфи беҳуда медонад ва вай ҷонибдори шоҳи қонунӣ аст, то он худ депутатҳо ва ҳукуматро таъин намояд. Вале сиёсатшиносон Андрей Чеботареву Эдуард Полетаев чунин интихоботҳоро бо вуҷуди камбудиҳои зиёдашон барои ҷомеа зарур мешуморанд.
Соҳибназарон боз як раванди дар интихоботҳо нақш гузоштани ҳокимият ва раисони ҷумҳурро таъкид мекунанд. Ин ташкили ҳизбҳои ҳукуматгаро дар минтақа аст. Чунин аҳзоб дар кулли кишварҳои минтақа аз ҷумла дар Қазоқистону Тоҷикистон ташкил шудаанд. Ба гуфтаи оқои Полетаев, Қурмонбек Боқиев низ дар Қирғизистон чунин ҳизбро бо номи «Ақжол» таъсис дод. Дар Ӯзбакистон бошад, ҳама аҳзоби сиёсии кишвар ба истилоҳ ҳукуматгароанд ва аз раисҷумҳур Ислом Каримов ҷонибдорӣ мекунанд.
Вале чӣ бояд кард, ки интихоботҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба андозае ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намоянд ва ба истилоҳ интихоботҳои ҳақиқӣ гарданд? Серикболсин Абдилдин таъкид мекунад, ки дар ин робита шарти муҳимтарин он аст, ки бояд дар ҳайъати комиссия ва қитъаҳои интихоботӣ намояндагони ҳама аҳзоб шомил шаванд. Сиёсатшинос Андрей Чеботарев низ тақрибан чунин назар дорад ва ба комиссияи интихоботи шомил гардидани намояндагони мухолифинро гоме дар роҳи баргузории интихоботи озоду демократӣ медонад.
Бар илова, шарти муҳимтарин ин аст, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар кишварҳои минтака на то абад, балки бояд дақиқ бошад ва сарварони кишварҳо баъди анҷоми давраи раёсат ҷойро ба дигар довталабон холӣ намоянд ва ҷонибдори демократия будани хешро собит созанд.