Муҳаққиқони ин пажӯҳиш гуфтаанд, сулҳу субот муҳимтарин зербинои наҷоти дунё дар асри 21 ба ҳисоб меравад. Тағйири иқлим, камбуди об, афзоиши берун аз меъёри аҳолӣ аз хатарноктарин чолишҳои башарияти имрӯз будаанд. Ин мушкилоте будаанд, ки ҳалли онҳо танҳо дар сурати ҳамкорӣ имконпазир будааст. Ва барои ҳамкорӣ дар роҳи ҳалли ин машокил сулҳ лозим будааст. Дар акси ҳол, чӣ гуна кишварҳои ба ҳам душман метавонанд дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намоянд, суол ба миён гузоштаанд пажӯҳишгарон.
Дар феҳрасе, ки тартиб дода шудааст, 121 кишварро аз рӯи меъёри «адами хушунат» дар асоси сиёсатҳову авзоъи дохиливу хориҷии он кишварҳо баҳо додаанд. Сулҳдӯстдортарин кишварҳои рӯи Замин – Норвегия, Зеландияи Нав ва Дания эътироф гардидаанд. Дар ин панҷгонаи кишварҳои «солеҳ», ҳамчунин, Ирландия ва Ҷопон ворид шудаанд.
Ва аммо аз ҳама ҷангҷӯтарин кишварҳо Ироқ, Судон, Исроил ва Русия будаанд. Амрико дар ин феҳраси кишварҳои ба истилоҳ «солеҳ» дар мақоми 96 будааст. Як мақом болотар аз Эрон (97). Ва аммо дар сиёсатҳои Чин – аз дигар абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳамсояи нерӯманди Тоҷикистон дар муқоиса бо Амрикову Эрону Русия бештар нишонаҳои сулҳдӯстдорӣ мушоҳида шудаанд. Чин мақоми 60-умро гирифтааст. Қазоқистонро як зина аз Чин поинтар ҷойгир кардаанд.
Миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ сулҳро бештар Эстония (ҷойи 28) дӯст медоштааст. Узбакистон дар ҷойи 110, миёни Ҳиндустону Шри-Ланка нишастааст. Дар феҳрас исми Қирғизистону Афғонистону Туркманистон, ба мисли Тоҷикистон вуҷуд надорад.