Афғонистон: амалиёт барои шаҳраки Мусо Қалъа

Нерӯҳои низомии байнулмилалӣ дар Афғонистон

Нерӯҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ дар Афғонистон амалиёти густурдаи низоми барои бозпас гирифтани шаҳраки Мусо Қалъа аз дасти Толибонро шурӯъ карданд.

Ин шаҳраки воқеъ дар ҷануби Афғонистонро даҳ моҳ пеш ҷангҷӯёни Толибон таҳти назорати худ дароварда буданд. Сокинони маҳаллӣ дар тули чанд рӯз аз имкони сар задани даргириҳо изҳори нигаронӣ менамудаанд, дар ҳоле ки Нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон ин иддаҳоро рад мекардаанд. Артиши Афғонистон низ аз тасдиқи оғози амалиёти низомӣ худдорӣ кардаанд.

Сухангӯи бритониёии нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон ё АйСАФ полковник Ричард Итон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Франс-Пресс” гуфт, амалиёт барои бозпасгирифтани Мусо Қалъа шурӯъ шуд, аммо аз гуфтани ҷузъиёти он худдорӣ кард. Нерӯҳои низомии Афғонистон ва АйСАФ дар минтақа аз 2 ноябр фаъолиятҳои низомиро анҷом медодаанд, аммо ҳадафи аслии амалиёт, тасарруфи шаҳрак, танҳо ду рӯз қабл, аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ эълом шуд. Бино ба гузоришҳо, ҳафтаи қабл сарбозон дар масофаи севуним километр аз Мусо Қалъа мустақар шудаанд, ва полковник Итон ин иттилоъро инкор накард.

Гуфта мешавад, ки толибон дар дохили Мусо Қалъа, ки дар вилояти Ҳилманд воқеъ мебошад, садҳо ҷангҷӯёни худро гирдиҳам овардаанд ва ба мудофиъаи он омодагӣ мегиранд. Амнияти вилояти Ҳилмандро нерӯҳои низомии Бритониё бар ӯҳда доранд. Шӯришиёни толибон Мусо Қалъаро дар авоили моҳи феврал ба тасарруфи худ дароварда будаанд. Онҳо ходимони полисро халъи силоҳ намуда, идораи шаҳрро аз шӯрои қабилавӣ кашида гирифта будаанд. Дар охирҳои моҳи март толибон се нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи низомиёни бритониёӣ дар марказ ва даромадгоҳи шаҳр ба дор кашидаанд.

Ба думболи тасарруфи шаҳр изҳороти зидду нақиз паҳн шуда будаанд, ки гӯё нерӯҳои низомии Бритониё шаҳрро бо дархости сарварони қавмӣ тарк гуфтаанд. Гӯё сарварони қавмӣ ба бритониёиҳо ваъда дода будаанд, ки ба даромадани ошубгарон ба шаҳр иҷозат намедиҳанд ва сулҳу суботро истиқрор мекунанд. Мутахассисон мегӯянд, Мусо Қалъа дар минтақаи аслии истеҳсоли афюни Афғонистон, бо сабаби зери идораи толибон вақти зиёд боқи монданаш, нақши калидиро ишғол намудааст.

Сокинони маҳаллӣ хабар додаанд, ки рӯзи панҷшанбе низомиён варақаҳои итилоъотиро аз ҳавопаймоҳо паҳн кардаанд, ки мардумро даъват мекунанд аз ҳамкори бо тундравони исломӣ даст кашанд. Намояндагони расмии нерӯҳои низомии байнулмилалӣ гуфтаанд, паҳн кардани варақаҳо кори маъмулӣ мебошад ва бо оғози амалиёт иртиботе надорад.