Чунин вокуниши Маскаву Пекин акнун суолеро матраҳ карда, ки оё ин ду кишвар ҳамчунон ба талошҳои Ғарб ҷиҳати рӯи даст гирифтани даври севвуми таҳримоти Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Эрон мамониат хоҳанд кард ё хайр.
Гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии Амрико, ки дар ҳафтаи ҷорӣ нашр шуд, мегӯяд, ки Эрон таъқиби барномаҳои тавлиди силоҳҳои ҳастаияшро ҳанӯз дар соли 2003 қатъ кардааст, вале Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи 5 декабр гуфт, шаҳодате дар даст нест, ки ҳатто то он муддати ёдшуда чунин барномаҳоро доштан ва ё дунбол кардани Эронро собит кунад. Сергей Лавров гуфт, зимни баррасии масъалаи эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон ин гузориш бояд мадди назар гирифта шавад.
Сафири Чин дар СММ Ванг Гуангиа низ гуфтааст, ки натоиҷи гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии Амрико низ бояд бахше аз баҳсҳои ояндаи Шӯрои Амният дар масъалаи бӯҳрони ҳастаии Эрон шавад. Оқои Ванг дар СММ гуфт, фикр мекунад, аъзои Шӯрои Амният аз ҳамин нуқтаи атф ва бо дарназардошти ҳама таҳаввулоти ахир ба баҳси ин масъала хоҳанд рафт.
Ин ду изҳори назар нахустин аломат аз сӯи Маскаву Пекин мабнӣ бар ин аст, ки шояд Чину Русия аз гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии Амрико ҷиҳати ба кундӣ кашонидани ҷараёни баҳси таҳримоти ҷадид алайҳи Эрон истифода кунанд. Аз охири соли гузашта ба ин сӯ, Шӯрои Амният ду дафъа ба хотири ба тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш маҷбур кардани Эрон алайҳи он кишвар таҳримот эълон карда буд. Вале Маскаву Пекин то кунун дар амри эълони чунин таҳримот боқӣ аъзои Шӯрои Амниятро бемайлона ҳамроҳӣ мекарданд.
Амрико бо пуштибонии Бритониёву Фаронса феълан дар пайи касби ҳимояти аъзои Шӯрои Амният аз даври севвуми таҳримоти алайҳи Эрон аст. Ин кишварҳо бар ин гумонанд, ки Эрон тавассути идомаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум қасди соҳиб шудан ба фанновариҳоеро дорад, ки нафақат дар тавлиди нирӯи ҳастаӣ, балки ба хотири сохтани таслиҳоти ҳастаӣ низ метавонанд истифода шаванд.
Масъалаи аҳдофи Эрон дар бӯҳрони пешомада пиромуни фаъолиятҳои ҳастаии он кишвар як масъалаи асосист. Гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии Амрико бо эътимоди зиёд эълон карда, ки Эрон барномаҳои сохтани силоҳҳои ҳастаияшро ҳанӯз 4 сол пеш қатъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои қаблии идороти кашфи Амрико мегуфтанд, Эрон ҳамчунон ба таври махфӣ чунин барномаҳоро таъқиб мекунад.
Ва аммо Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки хулосаҳои гузориши ахир ба маъние нест, ки хатар аз сӯи Эрон пушти сар шудааст.
Теҳрон аммо мегӯяд, гузориши ахири мақомоти истихборотии Амрико ин даъвои Эронро, ки мегуфт, барномаҳои ҳастаияш табиъати сирф мусолиматомез доранд, собит мекунад.
Аммо Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ рӯзи 5 декабр баъди бозгашташ аз Маскав дар Теҳрон гуфт, ин даъвои Вошингтон ҳам, ки мегӯяд, Эрон кадом вақте барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро дошт, иштибоҳист.
Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ӯ нукоти аслии гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии кишварашро дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар миён гузоштааст. Русия дар гузашта ба таври мукаррар мегуфт, шавоҳиде мавҷуд нест, ки қасди сохтани силоҳҳои ҳастаиро доштани Эронро собит кунад. Аммо Маскав ҳамчунин ба хотири ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш ташвиқ кардани Эрон як силсила пешниҳодҳо ироа карда ва мегуфт, ҷонибдори соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ шудани Эрон нест.
Аммо дар ҳоле ки ҳанӯз чандон маълум нест, ки оё Пекину Маскав аз таҳримоти нави СММ алайҳи Эрон ҳимоят хоҳанд кард ё хайр, шарикони ғарбии Амрико билофосила эълон карданд, ки ҳимояти худ аз афзоиши фишори байнулмилалӣ болои Эронро идома хоҳанд дод.
Сухангӯи сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфт, хулосаҳои гузориши муштараки ниҳодҳои истихборотии Амрико дурустии иқдомоти то ҳол рӯи даст гирифтаи онҳо, аз ҷумла афзоиши фишор ба хотири ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш маҷбур кардани Эронро собит мекунад.
Олмон ҳам гуфта, ки ин нуктаи гузориш, ки мегӯяд, Эрон дар 4 соли пеш маҳз таҳти фишори байналмилалӣ ба қатъи барномаҳои тавлиди силоҳҳои ҳастаияш маҷбур шудааст, баёнгари дурустии стротежии дар қиболи бӯҳрони ҳастаии Эрон пешгирифтаи Ғарб аст.
Ва Фаронса гуфта, ки қудратҳои ҷаҳонӣ бояд акнун қотеъона ба сӯи баррасии масъалаи таҳримоти ҷадиди СММ алайҳи Эрон ҳаракат кунанд.