Боз як гаравгонгирии тоҷикҳо дар марз

Раёсати умури марзбонии Тоҷикистон аз гаравгонгирии ду сокини рустои Ковоки ноҳияи марзии Шӯрообод дар ҷануби кишвар, ки аз сӯи гурӯҳи қочоқбарони афғонистонӣ сурат гирифтааст, иттилоъ дод.

Ба қавли ин манбаъ, 7 мусаллаҳи афғонистонӣ бо роҳнамоии Наим, қумондони собиқи шимоли Афғонистон, шаби 3 декабр марзро ғайриқонунӣ убур намуда ва ду сокини ноҳияи Шӯроободро иҷборӣ ба Афғонистон бурдаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, гуфт, дар ҳоли ҳозир масъулони мақомоти қудратии кишвар барои озод ва бозгардонидани ин афрод аз Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале то кунун аз раҳоии сокинони Тоҷикистон иттилоъе пахш нашудааст.

Бархе аз сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон мегӯянд, ду нафаре ки ба гарав бурда шуданд, аз хешовандони афроде ҳастанд, ки бо қочоқбарони он сӯи марз ҳамкорӣ ва муомила мекунанд. Дар сурате, ки ин афрод пули ба истилоҳ ҳероини интиқолдодаро барнамегардонанд, онҳо даст ба чунин амал зада ва наздикони онҳоро то замони таслими маблағ дар асорат нигоҳ медоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 17 ноябри имсол афроди мусаллаҳи номаълум ду шогирди яке аз макотиби деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба гарав гирифта буданд. Ин мактабачаҳо ҳудуди ду ҳафта дар асорати афроди мусаллаҳ қарор доштанд ва фақат 30-юми ноябр дар натиҷаи як амалиёти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва қисми марзбонии Шӯрообод озод карда шуданд.

Мақомот мегӯянд, падари бачаҳо Сафар Давлатов, корманди шӯрои ҷамоъати Иоли ноҳияи Шӯрообод, ба қочоқчиёни афғонии маводди мухаддир тақрибан 20 000 доллар қарздор шудааст ва ҷиҳати қасос гирифтан онҳо фарзандони ӯро ба гарав гирифтаанд. Ба қавли Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи артиши марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, озод кардани ин ду мактаббача аз дасти мусаллаҳон кори саҳл набудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёти озоднамоӣ ҳамчунин аз силоҳи оташфишон истифода гардидаанд, ки дар натиҷа яке аз гаравгонгирҳо кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулқайюм Ёдгорӣ, кордори сафорати Афғонистон дар Душанбе, гуфт, то ҳол мақомоти сафорати мазкур дар робита ба бозгардонии сокинони гаравгонони тоҷик аз Афғонистон тадобире наандешидаанд. Мақомот мегӯянд, тӯли ду соли ахир беш аз 15 тан аз минтақаи ҷанубии Тоҷикистон тавассути қочоқбарони афғон асир гирифта шуда ва бештари онҳо бо дахолати сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ватан бозгардонида шудаанд.