Нефтро аз демократия болотар гузоштаанд

Мухолифини ҳукумати Қазоқистон иброз доштаанд, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нефтро аз демократия болотар гузоштааст. САҲА Қазоқистонро раиси даврии ин созмон дар соли 2010-ум интихоб намуд. Ба қавли мухолифини қазоқ дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду одилонаи мутобиқ ба меъёрҳои САҲА барпо нашудааст.