Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, ки ҳоло дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад, тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин мусодираро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, гуфт, хонум ва чор фарзандаш дар ин манзил қонунӣ ба сар мебаранд:
«Намедонам, ба чӣ асос аъзои оилаи маро дар ин зимистон аз хона берун мекунанд, дар ҳоле ки даҳ сол ба ин сӯ онҳо расман дар қайди ин хона ҳастанд»
Барои дарёфти посух мо ба Додгоҳи Олӣ ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, аммо ба далели ҳузур надоштани додраси парвандаи Ғаффор Мирзоев ва додраси иҷрогари қарори додгоҳ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.
Аммо Саидҷон Одинаев, вакили дифоъи Ғаффор Мирзоев дар масоили молиявӣ гуфт, мусодираи манзили истиқоматӣ бар асоси қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон сурат мегирад. Вай афзуд:
«Аъзои оилаи Абдурасул Мирзоев дар хонае, ки тафтишот ва додгоҳ ба Ғаффор Мирзоев марбут медонанд, муваққатан ба сар мебурданд. Акнун онҳоро аз ин хона берун ва дар хонае, ки ба худи Абдурасул Мирзоев тааллуқ дорад, маскун карданд. Ин ҳам муваққатист, то даврае, ки парвандаи худи Абдурасул Мирзоев ба охир мерасад»
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла дар ҳамдастӣ бо бародараш муттаҳам дониста мешавад. Оқои Одинаев гуфт, амволи ӯ низ тибқи ҳукми додгоҳ дар ҳабс аст ва ҳоло мақомоти тафтишотӣ як хонаи ӯро ба аъзои оилааш вогузор кардаанд.
Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди Миллӣ ва раиси Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли 2006 дар талош барои сарнагунсозии давлат тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва қатл муҷрим шинохта ва ба ҳабси абадӣ бо мусодираи амволаш маҳкум шуд.
Мусодираи амволи ӯ як сол ба ин сӯ идома дорад. Манобеъи расмӣ аз микдори амволи мусодирашудаи ӯ иттилоъе пахш накардаанд, аммо тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, амволи ӯ ба миллионҳо доллар андоза мешавад.