Сарвари Фарҳангистони улум гуфт, ки натоиҷи омузиши нурҳои кайҳонӣ дар ин пойгоҳ барои истифода дар улуми бунёдӣ, аз ҷумла, физикаи ядроӣ арзишманд арзёбӣ шуда, ба корҳои таҳқиқотӣ дар он бар иловаи олимони тоҷику рус пажуҳишгарон аз дигар мамолик низ ҷалб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи сарвари Фарҳангистони улум, дар ҷаҳон танҳо се чунин пойгоҳи махсуси омузиши нурҳои кайҳонӣ вуҷуд доранд, аммо агар дар дигар чунин пойгоҳҳо нурҳои офтоб бо истифодаи асбоби махсус ҷамъ оварда мешаванд, ин ҷо бинобар дар баландии беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта аст, таҷзия ва таъсири нурҳои кайҳонӣ ба таври табиӣ сурат мегирад.
Сарвари Фарҳангистони улум ҳамчунин арзишманд будани истифодаи натоиҷи таҳқиқотии пойгоҳи Помирро барои муайян намудани набзи иқлим дар кулли сайёра вобаста ба мушкилоти тағйирёбиии иқлим ва зарурати омузиши ҳамаҷонибаи он яке аз сабабҳои дигари аз нав мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани ин пойгоҳи нодири илмӣ мешуморад.
Дар пойгоҳи омузиши нурҳои кайҳонӣ дар солҳои қаблӣ олимон аз Русия, Аврупо, Ҷопон, Перу ва Амрико таҳқиқот анҷом додаанд. Аммо дар тӯли 15 соли охир ин пойгоҳи нодири илмӣ фаъол набудааст.
Президенти Фарҳангистони улум бо таъкиди махсусияти иқлимӣ, Бадахшонро минтақаи мусоид барои омузиши улуми яхшиносӣ, кӯҳшиносӣ, обуҳавосанҷӣ, зилзиласанҷӣ ва гидрология арзёбӣ кард ва гуфт, ки имкон дорад, дар оянда дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мутахассисони чунин риштаҳо, ки муассисаҳои илмии кишвар ба онҳо ниёз доранд, омода карда шаванд.