Ахиран дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 2 мактаббачаи гаравгирифташудаи тоҷик аз асорати қочоқгарони афғонии мухаддирот озод шуданд.
Ба иттилоъи Хушнуд Раҳматуллоев, сардори хадамоти иттилоъотии артиши сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар натиҷаи як амалиёти вижаи муштараки КАМ ва гурӯҳи марзбонии Шӯрообод ду мактаббачаи ноҳия – Хушнуди Сафар (хонандаи синфи 9) ва бародари ӯ Хушбахти Сафар (хонандаи синфи 11) аз асорати қочоқгарони афғонистонӣ озод шуданд.
Х. Раҳматуллоев афзуд, муайян гардидааст, ки падари бачаҳо Сафар Давлатов, корманди шӯрои ҷамоати Иоли ноҳияи Шӯрообод, ба қочоқчиёни афғонии маводди мухаддир тақрибан 20 000 доллар қарздор шудааст ва ҷиҳати қасос гирифтан онҳо фарзандони ӯро ҳанӯз 17-уми ноябр гаравгон гирифта буданд.
Озодсозии мактаббачаҳо осон даст надодааст. «Дар амалиёти озоднамоӣ аз силоҳи оташфишон истифода гардид, - гуфт Х. Раҳматуллоев. – Дар натиҷа яке аз гаравгонгирҳо кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ гардид».
Мутаассифона, баъди ин дар ҳамин маҳалли марзӣ боз як чунин воқиъа рух дод. Чунонки дар мақомоти қудратии кишвар хабар доданд, шаби гузашта 7 нафар шаҳрвандони мусаллаҳи Афғонистон марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, баъди аз деҳаи Ковоки ноҳияи Шӯрообод ду сокини онро гаравгон гирифтан ба кишвари худ баргаштанд.
Ба тахмини қаблии мақомот, шояд ин дафъа ҳам амали қочоқгарони афғонӣ бар асоси қарздории нашъаҷаллобони тоҷик сурат гирифта бошад.