Бино бар натоиҷи шумориши ороъи интихобкунандагон то соати 6-и имрӯз, чаҳор ҳизби кишвар ба Думаи давлатии Русия мегузаранд.
Дар ин бора дар Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Русия хабар доданд. Иттилоъ дода мешавад, ки баъди шуморидани 79,4% бюллетенҳо, дар интихоботи вакилон ба Думаи давлатӣ Ҳизби «Русияи ягона» («Единая Россия») бо касби 63,3%-и ороъи интихобкунандагон пешсаф аст.
Дар ҳамин ҳол то ҳоли ҳозир ҲКФР (КПРФ) 11,7%, ҲЛДР (ЛДПР) 8,5%, ҳизби «Русияи боадолат» («Справедливая Россия») 8%, «Ҳизби кишоварзӣ» («Аграрная партия») 2,4%, ИНР (СПС) 1%, «Себ» («Яблоко») 1,7%, Нерӯи шаҳрвандӣ» («Гражданская сила») 1,1%, ҲДР (ДПР) 0,1%, Ҳизби адолати иҷтимоъӣ (Партия социальной справедливости) 0,2% ва «Ватандӯстони Русия» («Патриоты России») 0,9%-и ороъро касб кардаанд.
Ба гуфтаи раиси КМИ ва РР Владимир Чуров, иштироки интихобкунандагон беш 60%-ро ташкил дод. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки Русия ҷиҳати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва системи кумисюнҳои интихоботӣ ба чунин ширкати фаъъоли интихобкунандагон ноил гардидааст.
В. Чуров ҳамчунин шарҳ дод, ки натоиҷи расмии ниҳоии интихобот ҳудудан 7 – 8-уми декабри соли 2007 маълум мешаванд.