Мақомоти расмии Афғонистон мегуянд, дар ҷануби ин кишвар дар ҷараёни амалиёти нируҳои афғонӣ ва нируҳои эътилофи байналмиллалӣ 40 шуришии Толибон кушта шудаанд. Саидоқо Сақиб-раиси пулиси Қандаҳор гуфтааст, рузи шанбе дар маҳали куҳистоние бо номи Шоҳваликут 35 шуришӣ ба қатл расидаанд. Дар маҳали дигар дар вулусволии Жарӣ 5 нафари дигар дар амалиёте кушта шудаанд.