Моҷарои созмони Counterpart дар Тоҷикистон

Рамзи созмони «Counterpart International»

Хабари қатъ гардидани фаъолияти созмони «Counterpart International» дар Тоҷикистон аз сӯи сафорати Амрико дар Душанбе таъйид нашуд.

Жаклин Мак Кеннан, сухангӯи сафорати Амрико, гуфт, созмони «Counterpart International» ҳоло ба амалисозии барномаи худ, ки аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии зарардидаву бебизоат аст, идома медиҳад. Ва аммо хонум Жаклин афзуд, созмони «Counterpart International» тақрибан рисолати худро дар Тоҷикистон ба анҷом расонидааст ва фаъолияти он то нимаи соли 2008 идома хоҳад дошт.

Вай ҳамчунин дар иртибот ба баста шудани дафтари ин созмон дар шаҳри Кӯлоб, минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, чизе ҳам нагуфт, яъне на таъйид кард ва на такзиб. Гузашта аз ин, талоши мо барои дарёфти тасдиқи ин хабар аз сӯи намояндагони ин созмони амрикоӣ бенатиҷа анҷом шуд. Хабари қатъи фаъолияти созмони амрикоии «Counterpart International», ки шурӯъ аз соли 1990 бад-ин сӯ барои мардуми зарардидаву муҳоҷири тоҷикистонӣ кӯмакҳои башардӯстона ироъа мекард, рӯзи 30 ноябр дар расонаҳои хабарии ин кишвар пайдо шуд.

Оҷонси иттилоотии «Азия-плюс», ки манбаъи аслии паҳн шудани ин хабар аст, навиштааст, ки дафтари маҳаллии «Counterpart International» чор моҳ пеш аз анҷоми иҷрои барномаи «Маводди ғизоии бехавф» ва бо интиқоли ҳамзамони дороиҳо ба ду созмони амрикоии «CARE International» ва «Save the children» баста гардид. Дар муроҷиати худ ба рӯзноманигорон Комил Ғуломнабиев, як масъули дафтари маҳаллии «Counterpart International» эълом намудааст, ки қабл аз баставшаии дафтар суратҳисобҳои он аз тарафи созмони USAID қатъ карда шуд.

Вале, дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, масъулияти варшикастагии кор ва имконпазирии ҳуққабозиҳои молӣ дар фаъолияти «Counterpart International» комилан дар ӯҳдаи раҳбари барномаи ин созмон - Ҳю Орозко мебошад. Сомонаи интернетии «Press-uz.info» дар идомаи ин хабар менависад, ки дар соҳати кившарҳои мушатаракулманофеъ ин нахустин чунин ҳодиса нест, ки созмони «Counterpart International» ба моҷарои ҷангҷоломез кашида мешавад. Ба навиштаи ин сомона, дар соли 2001 ба вазорати беҳдошти давлати Молдов лозим омад, то теъдоди зиёди системҳои ғайриқабули истифодаро, ки аз тарафи ин созмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид шуда буд, баргардонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки натиҷаи тафтишот нишон дод, ки қимати воқеъии маводди аз тарафи созмони «Counterpart International» ба Молдов воридшуда якчанд маротиба зиёд нишон дода шудаанд. Моҳи ноябри соли 2004 барои анҷоми фаъолиятҳои муғойир бо аҳдофи дар ойинномаи ин созмон сабтшуда ҳукумати ҷумҳурии Беларус шаҳодатномаи фаъолияти намояндагии созмони «Counterpart International»-ро дар қаламрави кишвараш бекор кардааст. Дар навбати худ, дар Узбакистон моҳи июли соли 2006 ҳангоми амалисозии назорати радиометрӣ дар бори аз тарафи «Counterpart International» воридшаванда фони баланди радиоактивӣ ба қайд гирифта шудааст. Баъдан маълум мешавад, ки чанд шаҳрванди маҳаллӣ, аз ҳисоби дарёфткунандагони ин бори башардӯстона ҳатто ба додгоҳҳо бо талаби ба муҷозот кашидани гунаҳкорон ва ҷуброни зарари ба саломатияшон расонидашуда муроҷиат кардаанд.

Бархеҳо бар ин боваранд, ки ҳамакнун созмони «Counterpart International» Тоҷикистонро макони фаъолиятҳои «машкук»-и худ қарор додааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар соли 2003, вақте «Counterpart International» барномаи «Фарогирии ҷомеъаҳо»-ро натавонист барои худ ҳимоят бикунад, онро феълан дар Тоҷикстону Узбакистон созмони дигари амрикоии IREX анҷом медиҳад.

Ҳамин ҳоло дар дасти «Counterpart International» як барномаи «Маводди ғизоии бехавф» боқӣ мондааст, ки се ноҳияи вилоят Хатлон, аз қабили Балҷувон, Ховалинг ва Мӯъминободро фаро мегирад. Аз ин рӯ, ягона дафтари ин созмон дар Кӯлоб ҷой гирифтааст. «Counterpart International» як созмони ғайритиҷории амрикоист, ки ҳадафаш ироъаи кӯмак ба ҳолии ҷангзада ва офатдидаи кишварҳои дунёст. Он дар соли 1965 бунёд ёфта, дар беш аз 65 давлати дунё, аз ҷумлаи кившарҳои пасошӯравӣ намояндагии худро доштааст.