Мурофиъаи додгоҳии боз як созмони мазҳабӣ

Дар Душанбе мурофиъаи додгоҳии боз як созмони мазҳабӣ шурӯъ шуд. Ин дафъа Идораи маорифи шаҳри Душанбе маркази таблиғотии масеҳӣ мавсум ба «СонМин Грейс»-ро ба додгоҳи иқтисодии пойтахт кашид.

Дар қиёс бо мурофиъаи созмони мазҳабии "Шоҳидони Яҳво», ки ҳоло дар додгоҳи низомии Тоҷикистон идома дорад ва мақомоти Тоҷикистон онро дар нифоқандозӣ миёни динҳо муттаҳам мекунанд, мурофиъаи маркази таблиғотии масеҳӣ «СонМин Грейс» асос бар баҳсҳои иқтисодӣ дорад. Карим Ҳакимов, раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, гуфт, идораи маорифи пойтахт даъво дорад, ки қарордоди харидуфурӯш миёни Кумитаи амволи пойтахт ғайриқонунӣ ҳисобида шавад. Ин бори саввум аст, ки Идораи маорифи шаҳри Душанбе маркази таблиғотии «СонМин Грейс» ва Кумитаи амволро ба додгоҳ мекашад. Дар ду мурофиъаи қаблӣ, ки солҳои 2002 ва 2004 баргузор гардиданд, додгоҳ даъворо ба нафъи «СонМин Грейс» ва Кумитаи амвол анҷом дода буд.

Аммо намояндаи Идораи маорифи шаҳр дар мурофиъа гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, иншоотҳои соҳаи маориф фурӯхта ва хусусӣ гардонида намешаванд, аз ин рӯ, қарордоди харидуфурӯши бинои нотамоми мактаби маҳаллаи Бофанда ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилооти расмӣ, дар Душанбе 121 мактаби таҳсилоти умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 157 ҳазор талаба таҳсил мекунанд. Аммо, тибқи гуфтаи намояндаи Идораи маорифи шаҳри Душанбе, дар баъзе мактабҳо, бахусус дар мактаби маҳаллаи Бофанда, талабагон дар се баст дарс мехонанд ва ҳоло зарурат ба мактабҳои нав пайдо шудааст.

Намояндаи Идораи маорифи шаҳри Душанбе аз додани тафсилоти бештар ба хабарнигори Озодӣ худдорӣ кард, аммо Владимир Ким, намояндаи маркази таблиғотии «СонМин Грейс» гуфт, марказаш ба ҳукумати шаҳри Душанбе нома фиристодааст, то барои кушодани як мактаби нави пулакӣ иҷозат диҳад, аммо то ҳол посухе аз ҳукумати шаҳр нагирифтааст. Оқои Ким гуфт, соли 1997 «СонМин Грейс» мактаби нотамоми маҳаллаи Бофандаро ба қимати 18 милиён рубли онвақта, муодили 6,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҳукумати шаҳри Душанбе харида буд. Вай гуфт, ба ин далел Идораи маорифи шаҳрро даъвогари воқеъӣ намеҳисобад, зеро бинои нотамоми мактаб ба Идораи маориф ҳеҷ гоҳ тааллуқ надошт.

Маркази таблиғотии масеҳӣ мавсум ба «СонМин Грейс» аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳудуди 300 пайрав аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ дорад. Соҳиби як мактаби пулакӣ дар шаҳри Хуҷанд ва толори варзишӣ дар шаҳри Душанбест. Соли 2000 дар маркази собиқи «СонМин Грейс» дар шаҳри Душанбе ҳангоми ибодати субҳ як таркиш ба амал омад, ки аз ҷумлаи пайравони он 10 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷой гузошт. Мақомоти амниятии Тоҷикистон баъдтар инро кори дасти даҳшатафканони исломӣ, ки аз макотиби Покистон гузаштаанд, эълон доштанд.

Ҳоло «СонМин Грейс» мактаби нотамоми маҳаллаи Бофандаро таъмир кардаву марказашро ба он ҷо кӯчонидааст. Шурӯъи мурофиъа бо ширкати маркази таблиғотии «СонМин Грейс» ба дунболи мурофиъаи додгоҳии созмони дигари масеҳии мавсум ба «Шоҳидони Яҳво» сурат мегирад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин созмонро ба нифоқандозӣ миёни динҳои кишвар муттаҳам мекунад. Аммо Паёми Фурӯғӣ, масъули бахши ҳуқуқи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, гуфт, парвандаи Идораи маорифи шаҳри Душанбе ва СонМин Грейс ба назар иқтисодӣ менамояд, аммо мазҳабӣ низ буда метавонад.

Вай афзуд, ҷанбаи мазҳабии масъала марбут ба он аст, ки дар Тоҷикистон як қонуни нави дин қарор аст рӯйи кор ояд. Ақаллиятҳои мазҳабӣ шояд бар он бошанд, ки таҳти фишор ҳастанд. Аз ин хотир, хеле муҳим аст, ки ҳуқуқи аксарият ва ҳуқуқи ақаллият озодона дода шавад. Ин парванда ба зоҳир як парвандаи иқтисодӣ аст, аммо чун аз як тараф калисои мазҳабӣ аст, хеле муҳим аст, ки ҳуқуқи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва калисои мазҳабӣ поймол нашавад, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, харидуфурӯши мактаби нотамоми маҳаллаи Бофанда ва ҳоло маркази «СонМин Грейс» дар даврони барои Тоҷикистон хеле вазнин, даврони ҷанги шаҳрвандӣ анҷом пазируфтааст. Ва Тоҷикистон маъракаи хусусигардонии амволи давлатиро он солҳо васеъ ба роҳ монда буд. Онҳо мегӯянд, ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекарданд, ки ин равандро тезонад ва дар чунин шароит муомилаи ҳукумати шаҳри Душанбе ва «СонМин Грейс» низ сурат гирифтааст. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаро то рӯзи 6 декабр ба далели он ки ҷониби сеюм, яъне намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур надошт, мавқуф гузошт.