Мансабдорони баландпояи эронӣ ва аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ таъкид мекунанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ оҷилан ба тавлиди нерӯи ҳаставӣ ниёз дорад. Муттакӣ гуфт, ба зудӣ тақозои Эрон аз таъмин бештар хоҳад шуд ва аз ин рӯ, то соли 2020 аз ҳисоби реакторҳои ҳаставӣ Ҷумҳурии исломӣ бояд 20 ҳазор мегаватт нерӯи барқ тавлид намояд. Аммо коршиносони соҳаи энергетика ва сиёсатшиносони ғарбӣ ба ин эҳтиёҷи фаврии Эрон бо шакку шубҳа менигаранд.
Шеннон Кайл, муҳаққиқи ҷилавгирӣ аз тавсеъаи силоҳи ҳаставӣ дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи шаҳри Стокҳолм, бар ин назар аст, ки солҳои наздик Эрон бо камбуди энергия мувоҷеҳ нахоҳад шуд. Вай гуфт, аксари шореҳони ғарбӣ ба ин ақида мувофиқ нестанд, ки Эрон ба нерӯи ҳаставӣ эҳтиёҷи фаврӣ дорад. Ӯ афзуд, миёни коршиносони ғарбӣ тавофуқи назар аст, ки тавлиди нерӯи ҳаставӣ барои Эрон ҳеҷ маънӣ надорад, зеро захираҳои нефту гази ин кишвар муддати тӯлонитар аз он, ки эрониҳо мегӯянд, мавриди истифода хоҳад буд.
Захираи собитшудаи нефти Эрон миёни кишварҳои олам ҷои нуҳум ва захираи собитшудаи гази табиии ин кишвар ҷои дуюмро ишғол мекунад. Меҳдии Аскариён, мутахассиси соҳаи нерӯи ҳаставӣ, ки дар шаҳри Лондон иқомат мекунад, таъкид кард, ки одатан захираи воқеъии конҳои нефту газ хеле бештар аз он захираи собитшуда мебошад.
Вале Эрон исрор меварзад, ки рӯзе талабот ба нефту газ аз имкони таъмини он бештар хоҳад шуд, зеро тақозо ба сӯзишворӣ босуръат боло меравад. Омори расмии Эрон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз солҳои 1990 ба ин тараф ҳар сол масрафи нефт дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳашт дар сад афзоиш меёбад. Аслан дар сӣ соли ахир дар Эрон масрафи энергия 200 дар сад бештар шуд. Шореҳ Аскариён ҳам мувофиқ аст, ки дар Эрон ниёз ба энергия сол ба сол зиёд мешавад, зеро саршумори аҳолӣ афзоиш меёбад. Вай гуфт, Эрон тахмин мекунад, ки соли 2020 шумораи сокинони ин кишвар беш аз 100 миллион нафар хоҳад буд.
Дар ҳар сурат шореҳон мегӯянд, шояд барои Эрон афзоиши истеҳсолот, тавлиди автомобилҳои каммасрафи сӯзишворӣ ва пешбурди соҳаҳои камистеъмолкунандаи энергия роҳи беҳтари коҳиши масрафи энергия бошад. Онҳо меафзоянд, ки сармоягузориҳо бузург дар соҳаи энергетикаи ҳаставӣ мушкили афзоиши масрафро ҳал намекунад. Эрон шикоят дорад, ки истифодаи нерӯи нефту газ муҳити зистро олуда мекунад. Вале ҳодисаи таркиши нерӯгоҳи ҳаставии Чернобил дар соли 1986 қиссаҳо дар бораи пок будани тавлиди нерӯи ҳаставиро аз байн бурдааст. Инфиҷори реактори ҳаставӣ гарди радиоактивро дар саросари Аврупо ва ҳатто Амрикои Шимолӣ паҳну парешон намуд.
Ҷои ёдоварист, ки нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳри Эрон низ бо кумаки Русия бунёд мешавад. Дар баробари мушкили нигаҳдошти партобҳои ҳаставӣ мамолики ғарбӣ ва ба вижа ИМА Теҳронро бо кӯшиши тавлиди пинҳонии силоҳи ҳаставӣ муттаҳам мекунанд, вале мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ муназзам таъкид мекунанд, ки барномаи ҳаставии Эрон ҳадафҳои осоишта дорад. Эрон ду дафъа мавриди таҳрими Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифт. ИМА ҳушдор додааст, ки дар ҳоли зарурат барои ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳаставӣ амалиёти низомӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Вале боз ҳам Эрон исрор меварзад, ки ҳақ дорад бо ҳадафҳои осоишта барномаи ҳаставиашро идома диҳад. Возеҳ аст, ки ҳамаи кишварҳои олам ба тавлиди навъҳои гуногуни энергия ҳақ доранд. Вале шореҳ Меҳдии Аскариён мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Эрон ҳеҷ эҳтиёҷ надорад, ки бо татбиқи барномаи ҳаставӣ худро дар инзивои байналмилалӣ ва таҳдиди ҷанг, ки мавҷудияти кишварро зери хатар мегузорад, қарор диҳад.