Mail.ru миллиардер шуд

Mail.ru - аз маъруфтарин хидматрасони имейлии тоҷикистониён маҳсуб меравад

Ба сомонаи русии Mail.ru, ки тоҷикистониёни зиёде низ муштарии имейли онанд, як миллиард доллар баҳо дода мешавад ва ҳамакнун, он гаронбаҳотарин сомона дар РуНет мебошад.

Ахиран, як ширкате мавсум ба Насперс Лимитед аз Африқои Ҷанубӣ 2,6 %-и саҳмияҳои сомонаи Mail.ru-ро харид ва ҳамакнун, соҳиби сеяки саҳмияҳои сомона мебошад.

Ширкати африқоӣ моҳи январи ҳамин сол ба Mail.ru омада буд, ва он замон Mail.ru дар ҷаҳон 550 миллион қиммат дошт. Дар тӯли камтар аз як сол, арзиши ин сомонаи русӣ як баробар афзудааст. Соли гузашта арзиши Rambler низ қариб се баробар афзуда буд.

Омили таваҷҷӯҳи сармоядорон ба интернети русӣ афзоиши пайғомҳои бозаргонӣ дар бозори интернети русӣ будааст. Сомонаҳо аз ҳисоби баннерҳо, мӯҳтаво ва видео даромади хубе ба соҳибонашон меовардаанд. Ва сармоядорон низ аслан сомонаҳоеро харидорӣ менамудаанд, ки пайғомҳои бозаргонии зиёдеро ҷалб карда тавонанд.

Сомонаҳое, ки қаблан, танҳо хадамоти почтаи интернетӣ пешниҳод мекарданд, ҳамакнун, таркиби худро гуногуну рангоранг мекунанд. Ҳамакнун, кам интернет-почтаро дидан мумкин аст, ки низоми ҷустуҷуи интернетӣ, муоширати онлайн, блогу видео надошта бошад.

Сомонаҳо талошҳо меварзанд, то шумори муштариёни худро бештар намоянд ва паёмҳои бозаргонӣ низ рӯи ҳамон сомонае мераванд, ки муштарии ҳарчӣ бештар дошта бошад.