Мубориза бо AIDS ва назари уламои ислом

Рамзи бемории AIDS

Напазируфтани бархе аз меъёрҳои байнулмилалӣ аз сӯи дини ислом ба усул ва шеваҳои мубориза алайҳи бемории AIDS ё спид монеъаҳо эҷод кардааст.

Ин дар ҳоле, ки уламои ислом дар Тоҷикистон мубориза алайҳи ин бемориро аз аввалияти фаъолияти худ дар ҷомеъа медонанд. Ва конфронсе, ки имрӯз, 28 ноябр, дар шаҳри Душанбе бо ибтикори созмони «Гули Сурх», бургузор шуд, ба ҳамин мавзуъ ихтисос дошт. Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон 872 нафар мубтало ба ин беморӣ мебошанд. Аммо ба тахмини манобеъи мустақил, теъдоди беморони спид наздик ба 10 ҳазор нафар мебошад.

Уламои мазҳаби ислом истифода аз рифола дар ҷилавгирӣ аз бемории спидро намепазиранд. Дар конфронси имрӯза низ ҳалли ин мушкил аз сӯи уламои дин ироъа нашуд. Барои мисол, Умаралӣ Назаров, муъовини раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, дар ин бора чунин изҳори назар кард, ки зино ҳаром аст ва ба усули дин муғоират дорад. Ба қавли ӯ, марде, ки моҳҳо ва солҳо дар мусофират аст, барои фурӯ нишонидани шаҳвоният бояд рӯза бидорад.

Аммо ба қавли пизишкон, ки дар ин конфронс ширкат доштанд, гирифтани рӯза ҳалли ин мушкил нест. Ба илова дар сурати муддати тӯлонӣ надоштани равобити ҷинсӣ мардҳо метавонанд ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла простатит, гирифтор шаванд, ки аз даст додани шаҳвонияти мардиро ба дунбол дорад. Аммо Довудхон Авлоев, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ин воқеииятро нампазирад. Ва рӯза доштанро ягона роҳи ҷилавгирӣ аз бемории спид медонад.

Донишмандон ва уламо муътақиданд, ки далели аслии мубталошавӣ ба бемории спид равобити ҷинсии номашруъ аст. Ва куллия мардуми мусулмон ва ғайримусулмон бояд аз он даст кашад. Ба ақидаи устодони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби арзишҳои Ислом дар байни ҷавонон дар масҷидҳо ягона роҳи ҷилавгирӣ аз ин беморӣ аст.

Аммо, ба эътиқоди пизишкон, бидуни пазириши меъёрҳо ва таъомули равобити байнулмилалӣ алайҳи бемории спид ё AIDS дар минтақа ва дар ҷумҳурие ба мисли Тоҷикистон дар гумон аст.