Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Русия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мавриди истифодаи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ гуфтушунид бурда истодаанд.
Рамазон Абдулатипов, сафири Русия дар Тоҷикистон, тайи баргузории нишасти матбуотӣ гуфт, ин се кишвар дар мавриди истифодаи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Душанбе, феълан гуфтушуниди сеҷониба бурда истодаанд. Аммо оқои Абдулатипов афзуд, бо ин вуҷуд тасмими ниҳоиро дар ин маврид ҳукумати Тоҷикистон бояд гирад.
Сафири Русия аз сиёсатҳои сармоягузории ҳукумати Тоҷикистон интиқод карда гуфт, ки то кунун барои вуруди сармояи хориҷӣ ба, бахусус Русия, ки сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон аст, шароити мусоид фароҳам нест. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти зидахл барои ширкатҳои сармоягузори Русия монеа эҷод мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сафири Русия мегӯяд, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ин мақомот супориш додааст, то масъаларо мусбат ҳал кунанд.
Сафири Русия ҳамчунин аз фаъолияти вазорати маорифи Тоҷикистон интиқод карда гуфт, дар ҳоле ки муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия азияти надонистани забони русиро мекашанд, вазорат соатҳои таълими онро ба маротиб коҳиш додааст.