Интихоботи раисҷумҳури Узбакистон ва паёмадҳои он

Мақомоти Ҷумҳурии Узбакистон тариқи як номаи расмӣ хостори ширкати нозирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи раисҷумҳури кишвари худ шудаанд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Комисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, гуфт, Мирзоалӣ Болтуев раиси ин ниҳод ва боз ду нафари дигар дар интихоботи раисҷумҳури Узбакистон минҳайси нозири байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Интихоботи раисҷумҳури Узбакистон 23 декабри соли равон баргузор мегардад ва намояндагони Тоҷикистон минҷумла дар ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ низ ширкат мекунанд. Оқои Додоҷонов гуфт, дар мисоли Узбакистон ҳозир ба назар мерасад, ки кишвари ҳамсоя мекӯшад интихоботашро ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ созад ва ин чиз дида мешавад. Ба гуфтаи вай, дар номаи мақомоти Узбакистон оварда шудааст, ки аз 6 4 номзад ба маснади раисҷумҳур ба қайд гирифта шудаанд ва ин далели он аст, ки он ҷо интихобот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ шудааст.

Раиси дафтари Комисиюни интихоботи Тоҷикистон даъвати кишвари Узбакистонро далели беҳбуди равобит бо кишвари ҳамсоя хонд. Аммо коршиносон бар он назаранд, ки натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳури Узбакистон ва бахусус бебаҳс сари қудрат мондани Ислом Каримов, раисҷумҳури феълии ин кишвар, беҳбуд ёфтани равобит бо Тоҷикистонро таҳти суол мегузорад.

Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ, гуфт, коҳиши равобити Узбакистону Тоҷикистон танҳо ба ду сарвари онҳо марбут аст. Вай афзуд, дар сурати минбаъд дар сари қудрати сиёсӣ мондани Ислом Каримов дар муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон ягон таҳаввулоти ҷиддиеро интизор шудан ғайриимкон аст, зеро мушкили ин кишварҳо бештар аз ду нафар - раисҷумҳур Рахмонов ва раисҷумҳур Каримов вобастагӣ дорад.

Коҳиши равобити Тошканду Душанбе ба даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост меояд. Ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки аз ҷумла бо кӯмак ва мусоидати Узбакистон рӯйи кор омад, сиёсатҳояшро мустақилона ва бидуни мушорикати фаъоли Тошканд пиёда кард, ки ин ҳол норизоиятии ахириро афзун сохт.

Аз интихоботи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1994 ба ин сӯ Узбакистон бо ҳар восита ба ҳамсояаш фишор меорад. Инро метавон дар гоҳҳо қатъ шудани газ, барқ ва баста шудани роҳҳо ба рӯйи Тоҷикистон мушоҳида кард. Аммо баъди ҳуҷуми Ҳаракати исломии Узбакистон дар соли 2000 ба ин кишвар Тошканд марзҳояшро минакорӣ кард ва режими раводидро ба шумули Тоҷикистон барои Туркманистон низ ҷорӣ намуд. Коҳиши равобити Тошканду Душанбе бахусус баъди мухолифати Узбакистон ба пружаҳои энержии Тоҷикистон, аз қабили нерӯгоҳҳои Роғун ва Зарафшон бармало шудааст. Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти олии ду кишвар ҳамеша аз дӯстии чандинасраи ду кишвар ҳарф мезананд ва дар масоили куллӣ, аз қабили мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноёти муташаккил мавқеи ҳамсон доранд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос дар умури сиёс, иброз дошт, ки Тоҷикистону Узбакистон мушкили ҳалношуданӣ надоранд. Вай афзуд, ин ки гуфтугузорҳо рӯйи пружаи нерӯгоҳи Зарафшон идома дорад, бозгӯӣ аз он мекунад, ки Тошканд ин масъаларо мусбат ва ба нафъи Тоҷикистон ҳал хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, иддаи дигаре аз коршиносон бар онанд, ки мухолифатҳои Тошканду Душанбе усулӣ шудаанд. Онҳо мегӯянд, Тошканд на фақат мехоҳад пружаҳои иқтисодии Душанбе ба нафъаш ҳал шаванд, балки мехоҳад дар тасмимгириҳои ҳамсоякишвараш низ саҳим бошад ва Тоҷикистон онро ҳамчун як қудрати муассир дар умураш эътироф кунад. Аз ин хотир, мегӯянд онҳо, Узбакистон баъди интихоботи раисҷумҳур ва дар сари қудрат боқӣ мондани Ислом Каримов бо ҳамон шевае муносибат хоҳад кард, ки 15 сол ба ин сӯ мекард.