ИМА аз "пархошгароиҳо"-и Русия нигарон аст

Шон Маккормак

ИМА дар заминаи амалкарди Русия бо ширкатдорони намоиши эътирозии зиддиҳукуматӣ ва боздошти Гаррӣ Каспаров ва дигар раҳбарони мухолифин изҳори нигаронӣ кардааст.

Шон Маккормак, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти Русия, тибқи гузоришҳо, зидди тазоҳургарон рӯзи шанбе дар Маскав аз тактикаи "пархошгарона" кор гирифтаанд.

Инчунин вай гуфт, ки нисбати боздошти бархе раҳбарони мухолифин, аз ҷумла Гарри Каспаров, нигаронии вижа баён мешавад. Каспаров ба панҷ рӯзи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ маҳкум шудааст. Ва дирӯз, дар Санкт-Петербург ҳам мақомот барои муддати кӯтоҳ дигар раҳбари мухолифин - Борис Немсовро дастгир карданд.

Раҳпаймоиҳо дар Санкт-Петербург ва Маскав рӯзҳои истироҳат алайҳи дар дасти як нафар - Владимир Путин ва наздикони вай тамаркуз ёфтани қудрат ташкил шуд. Аммо ин гирдиҳамоиҳо, ки як ҳафта пеш аз баргузории интихоботи парлумонии Русия сурат гирифт, аз ҷониби полис бо шеваи шадид пароканда гардид.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар пайи он, ҳудудан 10 фаъоли мухолифин лату кӯб шуда, беш аз 100 нафар аз ҷониби мақомоти Санкт-Петербург боздошт шуданд. Ин дар ҳолест, ки аксар тазоҳургарон ба нишони сулҳомез будани ниятҳои онҳо дар сари синаашон мехчагули сафед гузошта буданд. Дафъатан баъди аз дафтари ҳизби "Яблоко" берун шудани издиҳоми тазоҳургарон, онҳо аз ҷониби полис боздошт шуданд.

Шоҳидон мегӯянд, полис ба онҳо баъди он дарафтод, ки касе аз дохили ин издиҳом парчами сиёҳи ҳизби Насионал-болшевикиро баланд кард. Полис ба мардум ҳамла карда онҳоро бо калтакҳои резинӣ лату кӯб кард. Дар миёни боздоштшудаҳо раҳбарони Иттиҳодияи нирӯҳои ростгаро - Борис Немсов, Никита Белих ва раҳбари маҳаллии Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ Олга Курносова буданд. Немсов, ки яке аз довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ дар моҳи марти соли оянда аст, баъди муддате раҳо шуд.

Борис Надеждин, дабири президиуми шӯрои сиёсии ҳизби Иттиҳоди нирӯҳои ростгаро дирӯз дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

"Мо аризаи президиумро қабул карда, онро дар фурсати кӯтоҳ нашр кардем. Мазмунаш ин аст, ки агар дар гузашта гурӯҳи фаъолон боздошт мешуданд, пас ҳоло ҳукумат бидуни ҳеҷ далел ва зидди ҳама гуна қонунҳо, раҳбарони Иттиҳоди нирӯҳои ростгароро боздошт мекунад. Мо, албатта муборизаи худро хотима намедиҳем, мо дар роҳи рост қарор дорем. Модоме ки президент шахсан моро душман номида сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ раҳбарони моро боздошт мекунанд, мо фақат ҳизби "Русияи воҳид" ва Путинро шадидтар танқид мекунем. Ҳамаро боздошт карда наметавонанд, тарафдорони мо даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Русия мебошанд".

Яке дигар аз раҳбарони дастгиршудаи мухлифин, ки бояд 5 рӯз дар боздошт ба сар барад, шоҳмотбози маъруф ва акнун сиёсатмадори шинохтаи мухолифин Гарри Каспаров аст. Гуноҳи вай раҳбарии тазоҳурот ва мухолифат ба боздоштшавиаш будааст. Қабл аз ин, дар баробари ширкатдорони намоиши эътирозӣ дар Маскав вай режими Путинро чун низоми "фасодзадаву ҷинояткор ва фиребомез" як таҳдид ба Русия арзёбӣ кард.

Ташаббускори аслии ҳарду намоиши эътирозии мухолифин дар Маскаву Русия эътилофи "Русияи дигар" буд, ки аз ҷониби Каспаров раҳбарӣ мешавад. Ба ҳайати он сиёсатмадорону чапгароҳо ва миллатгароҳо шомиланд. Кумиссиюни марказии интихоботҳои Русия аъзои ин ҷунбишро барои ширкат дар интихобот роҳ надод.

Дар интихоботи парлумонии Русия рӯзи 2 декабр 11 ҳизб мубориза мебаранд ва тибқи баъзе назарсанҷиҳо, дар сафи пеши ин феҳраст ҳизби "Русия Воҳид" аст, ки дар садри феҳрасти он Владимир Путин қарор хоҳад дошт.