Тавқифи интихобот ва эҳтимоли хушунат дар Лубнон

Мошинҳои зиреҳпуш ба кӯчаҳои Бейрут бароварда шудаанд, 23 ноябри 2007

Талоши парлумони Лубнон дар интихоби сарвари нави давлат ба ҷои раисҷумҳури суриягаро Эмил Лаҳуд имрӯз номуваффақ анҷом шуд ва эҳтимоли вуқуъи хушунатро ба бор овард.

Сарвари парлумон ва раҳбари мухолифини шиъа Набеҳ Беррӣ бинобар ба бунбаст ворид шудани ҷиноҳҳо интихоботро барои 5-умин бор мавқуф гузошт. Ӯ зимни як изҳорот гуфт, бинобар дастрасӣ ба машварати бештар ва расидан ба интихобот, иҷлосияи парлумон ба 30 ноябр гузошта шуд.

Мавқуф мондани ҷаласа маънои онро дорад, ки то як ҳафтаи дигар раёсати ҷумҳури Лубнон холӣ хоҳад монд. Ҳукумати ғарбгароӣ нахуствазир Фуад Синиора то интихоботи сарвари давлат қудратро дар даст хоҳад дошт, ҳатто агар опозисиюн қонунмандии онро зери суол бубарад. Бо вуҷуди ин вазъият раҳбарони ҳарду ҷониб садоқати худро ба сулҳу амният дар кишвар изҳор медоранд. Дар ҳамин ҳол ИМА ва муттаҳидони маҳаллӣ Сурияро ба муайян кардани ин муҳлати ниҳоӣ гунаҳкор кардаанд.

Эмил Лаҳуд, собиқ сарфармондеҳи артиши Лубнон, тайи 9 сол ба ҳайси президент хидмат кардааст. Давраи 6-солаи раёсати ҷумҳурии ӯ дар соли 2004 бо фармоиши Сурия, ки дар Лубнон нуфузи зиёд дошт, барои се соли дигар тамдид карда шуд. Ҷиноҳои зидди Сурия натавонистанд Эмил Лаҳудро аз қудрат дур кунанд. Ҳатто баъд аз он, ки дар соли 2005 баъди қатли собиқ нахуствазири Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ нерӯҳояшро аз ин кишвар хориҷ кард.