Ба маҷаллаи навбатии Фарҳанг ва Андешаи Радиои Озодӣ хуш омадед. Тӯли ним соат, ки барои мо ҷудо шудааст, бо ин хабару гузоришоти фарҳангӣ ошно мешавем:
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бар қимат афзуд ва ҳайъати ҳакамоти он, ки пайваста мавриди интиқод қарор дошт иваз шуд.
- Арзиши Ҷоизаи вежаи рӯзноманигорони Тоҷикистон - ба номи Лоҳутӣ низ боло рафт.
- Иосиф Кобзон – сарояндаи шинохташуда дар шӯравии собиқ дар Душанбе консерт дод ва Ислом Каримов- раисҷумҳури Ӯзбакистонро, ки ӯро ба кишвараш роҳ надодааст, интиқод кард.
- Дар Маскав аз 80 - солагии метри синамо Элдар Рязанов истиқбол карданд.
- Дар Тоҷикистон дурнамои рушди фарҳанг дар соҳаи театр, сарояндагӣ, ва ҳунарҳои мардумӣ қабул шуд.
- Алимуҳаммади Аҳтамзод – шоири мардумӣ ва ё мардуми шоир дар сӯҳбати Радиои Озодӣ.
- Ҳамчунин, дар ин барнома танзҳои тозатарини устоди танз Нуруллои Абдулло