Аз раёсати Қазоқистон дар САҲА ба ҳамсояҳо чӣ фоида?

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви САҲА аз 29 то 30 ноябр дар Мадрид даъвои Қазоқистон барои раёсати ин созмон дар соли 2009-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соли гузашта баррасии ин масъаларо ба таъхир андохт, то Қазоқистон дар муддати як сол нишон диҳад, ки барои раҳбарии чунин созмони мӯътабар омода шудааст. Давлати Қазоқистон, ки барои ба даст овардани ин мақом ҷаҳду талош дорад, ба мардуми кишвар гуфтааст, ки барои иҷрои ин вазифаи пуршарафро омода аст.

Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, раёсат дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пешрафтҳои зиёди кишвар дар солҳои баъди шӯравиро намоёнтар хоҳад кард. Воқеан, ба даст овардани мақоми мазкур обрӯи Қазоқистонро дар арсаи ҷаҳонӣ болотар хоҳад бурд, вале кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он чӣ баҳрае хоҳанд дид?

Ба гуфтаи таҳлилгари туркман Қурбон Бозаҷӣ, раёсати Қазоқистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо як нишони эҳтиром на танҳо ба Қазоқистон, балки ба тамоми кишварҳои шӯравии собиқ хоҳад буд. Қурбон Бозаҷӣ мегӯяд:

“Қазоқистону Туркманистон дар бисёр бахшҳо якҷо ҳастанд, масалан дар корхонаи муштараки бунёди лулаи гази баҳри Хазар ва ҳарду газу нафти зиёд содир мекунанд. Тасодуфӣ нест, ки соли 2008 дар Қазоқистон, “Рӯзҳои Туркманистон” таҷлил мешавад ва дар Туркманистон соли 2009 – умро “Соли Қазоқистон” эълом кардаанд. Баъдан, агар Қазоқистон раҳбари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шавад, ин як фишори мусбате хоҳад буд ба Туркманистон барои тағйири вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот, ки мо дер боз мунтазири он ҳастем.»

Дар Тоҷикистон сухангӯи вазорати умури хориҷа Давлат Назрӣ гуфт, Қазоқистон нисбат ба кишвараш саховатманд будааст ва Тоҷикистон ҷонибдори раёсати Қазоқистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад.

Аммо вазири собиқи умури хориҷаи Қирғизистон Аликбек Ҷакшанқулов гуфт, ҳарчанд дар гузашта тарафдорӣ аз номзадии Қазоқистон зиёд буд, аммо интихоботи порлумонии ахир, ки тамоми курсиҳоро насиби ҳизби ҳоким кард ва ҳамингуна як моҷарои дигар метавонад, тарафдорӣ аз номзадии Қазоқистон коҳиш диҳад.

Аммо Ӯзбакистон, ки баъди шикасти шӯравӣ ҳукуматаш барои қудрати минтақавӣ будан дар Осиёи Марказӣ бо Қазоқистон рақобат кардааст, чӣ хоҳад дид? Камоллидин Робимов, таҳлилгари мустақили ӯзбак мегӯяд, ҳарчанд ҳукумати Узбакистон расман раёсати Қазоқистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро истиқбол хоҳад кард, аммо шояд аз сидқи дил хурсанд набошад:

“Узбакистон барои ба мақоми раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо расидани Қазоқистон кӯшиш хоҳад кард. Ба таври ғайрирасмӣ ҳукумати Ӯзбакистон ҳеҷ гоҳ намехоҳад, Қазоқистон раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шавад. Барои ин сабабҳои зиёде вуҷуд дорад. Масалан агар Қазоқистон раиси он созмони дорои 56 узв шавад, ин ба обрӯи Ӯзбакистон дар минтақа таъсири бисёр бад хоҳад дошт. Раёсат дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро Ӯзбакистон метавонад, эътирофи Қазоқистон ҳамчун пешвои минтақа аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кунад.”


Иддае аз манобеъи дипломатӣ гуфтаанд, ки зоҳиран вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Қазоқистон хоҳанд хост, ки барои гирифтани раёсати созмон то соли 2011 сабр кунад. Ба гуфтаи онҳо, Қазоқистон дар ин вақти изофӣ низоми сиёсии худро ба муқаррароти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқ сохта ва ҳар гуна масоили вазъи ҳуқуқи инсонро, ки мояи нигаронии баъзе аз кишварҳои узв будааст, рафъ кунад.