Додгоҳи Майкопи вилояти Адигеяи Русия муҷрими дар Интернет пахш кардани саҳнаи қатли ваҳшиёнаро ба як соли корҳои маҷбурии ислоҳӣ маҳкум намуд.
Дар ин навор саҳнаи аз тарафи миллатгароёни навбаромади Русия ваҳшиёна ба қатл расонидани як қавони толҷик ва як ҷавони доғистонӣ сабт шуда буд.
Бар тибқи қарори додгоҳ, як сол аз маъоши ин маҳкум ба фоидаи давлат ҳамагӣ 10 фоиз нигаҳ дошта мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кумитаи тафтишотӣ ба ин ҷавон аз рӯи моддаи 282-и КҶ ФР (барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) айбнома пешниҳод намудааст, ки қазои ҳадди аксар вобаста ба он 5 соли маҳрумият аз озодӣ аст.
Дар ҳамин ҳол масъулияти ин ҷинояти беҳамторо «Ҳизби миллӣ-сусмёлистии Русия», ки қаблан маълум набуд, ба уҳда гирифтааст. Қотилон то ҳол бозшиносӣ нашудаанд ва дар озодӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, 15-уми август, баъди чанд рӯзи ҷиноят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Адигея донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои маҳаллиро боздошт намуданд ва ӯ иқрор кардааст, ки навори мазкурро аз тариқи почтаи электронӣ аз ашхоси номаълум гирифтааст ва онро дар шабакаи Интернет пахш кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҷримони қатли ду ҷавони тоҷику доғистонӣ то ҳанӯз пайдо нашудаанд.
Ҳукм баъди 10 рӯз ба иҷро мерасад. Агар вакилони муҷрим аз он ба ниҳодҳои болоии додгоҳӣ шикоят набаранд.