Ахиран дар Кобул дар робита ба интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон тавассути Афғонистон ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ба маблағи $500 миллион як қарордод ба имзо расид.
Дар ин бора дар иттилоъияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар пойтахти Афғонистон хабар дода мешавад.
Дар тасвиби ин қарордод намояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Бонки ҷақонӣ ва Бонки осиёии Рушд ширкат намуданд.
Бар тибқи ин қарордод, дар марҳилаи аввал дар назар аст, ки 1200 мегаватт энержии барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон интиқол гардад.
Гуфта мешавад, тӯли хатти интиқоли ин барқ аз сарҳадди Тоҷикистону Афғонистон то Покистон 750 километрро ташкил медиҳад.
Бонки ҷаҳонӣ ин қарордодро чи барои кишварҳои Осиёи марказӣ ва чи барои кишварҳои дарёфткунандаи ин миқдор нерӯи барқ сӯдманд мешуморад ва изҳори боварӣ мекунад, ки иҷрои ин лоиҳа ба рушди иқтисодии ҳам Афғонистон ва ҳам тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Исмоилхон, вазири энержӣ ва захоири оби Афғонистон, гуфт, анҷоми муҳлати лоиҳа соли 2012 буда, аз1200 мегаватт нерӯи барқи интиқолшаванда ҳудуди 200 мегаватт ба эҳтиёҷоти пойтахти Афғонистон, ки дар он феълан мушкилоти ҷиддии нарасидани барқ эҳсос мегардад, масраф хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Афғонистон дар ҳоли ҳозир қувваи барқро аз Туркманистону Узбакистон ва Эрону Тоҷикистон ворид мекунад.