Таҳлилгарон бар инанд, ки кишварҳои демократии ҷавони баъд аз хотимаи “ҷанги сард” арзи вуҷудкарда ҳамеша гирифтори офатҳои мухталиф, ба монанди ришвахорӣ ва қавлшикании сарварони дар интихобот пирӯзшуда, мегарданд.
Аммо ин таҳлилгарон тахмин мезананд, ки эҳтимол дорад коҳиши маҳбубияти Саакашвили дар миёни мардуми Гурҷистон бо он сабаб будааст, ки маълум шуд ӯ моил нест қудратратро бо ҳеҷ кас тақсим кунад.
Хабарнигори рӯзномаи бонуфузӣ амрикоии “Вошингтон Пост” Анна Эплбаум дар суҳбати телефонӣ ба родиои Озодӣ гуфт: “Бино бар он гузоришҳое, ки ман шунидам, Саакашвили шоистаи мақомаш аст, ва бисёри чизҳоро, аз ҷумла сохтори ҳукуматӣ ва равандҳои иқтисодиро, дар Гурҷистон ба таври решаӣ тағйир додааст. Ман фикр намекунам, ки Саакашвилиро мешавад дар бесалоҳиятӣ муттаҳам кард. Масъала ин аст, ки вай воқиъан ҳам хоҳони мавҷудияти нерӯҳои мухолифин аст ё не ва оё ӯ медонад, ки бо онҳо чигуна бархӯрд кунад?”.

Хонум Эплбаум мегӯяд, дар амал Вашингтон муносиботи худро бештар шахсан ба Саакашвили ва на бо бахшҳои ҷомиъаи Гурҷистон созмон додааст.
Ба бовари Эплбаум, ҳоло ки сарвари Гурҷистон вазъи изтирориро дар кишвар лағв кардааст ва ваъда ҳам додааст, ки интихоботи раёсатҷумҳури 5 январ баргузор мегардад, имкони шикаст хӯрдани ӯ дар ин интихобот вуҷуд дорад. Ба ақидаи ӯ, ин бохти ИМА низ хоҳад шуд, чунки дар ин сурат Вошингтон ягона шахсияти муҳиммеро аз даст хоҳад дод, ки дар он кишвар бо вай робита дошт.
Хонум Эплбаум шиква мекунад, ки дар давоми муҳлати зиёд ва дар бисёри кишварҳо ИМА ба шахсиятҳои муайян тамаркуз мекунад ва аз таъсиси робитаҳо бо ниҳодҳое, ки метавонанд раҳбарони алтернативиро пешниҳод кунанд, сарфи назар мекунад. Чун мисол таҳлилгар ба робитаҳои Бил Клинтон бо Борис Елсин ва Ҷорҷ Буш бо Парвиз Мушарраф ишора намуда, гуфт, ки аз чунин бархӯрдҳо шахсиятҳои муайян баҳраманд мешаванд, на кишварҳо.
Аммо оё сарварони нави кишварҳои тозадемократишуда беҳтарин нуқтаи оғози тавсиъаи робитаҳо аст? Албатта, мегӯяд, мусоҳиби мо.
Эплбаум ҳамчунин мегӯяд: “Дар кишварҳое, ки демократия дар онҳо ба тарзи дуруст ё, ло ақалл, нисбӣ фаъолият мекунад, маъмулан чанд шахси масъул мавҷуд аст. Агар дар кишвар танҳо як нафар ҳаст, ки тамоми қудратро дар даст дорад, пас ин демократия нест. Демократияро ҳукумати додгоҳӣ, қонунгузорӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, артиш ва дигар ниҳодҳо ташкил медиҳанд ва чунин демократия амалкунанда аст. Аммо мулоқоти ихтисосӣ танҳо бо Саакашвиллӣ дар бораи вазъи ҳақиқӣ дар тамоми кишвар ба шумо чизе гуфта наметавонад”.

Тед Гален Карпентер, муовини раиси бахши мудофиъа ва сиёсати хориҷии пажӯҳишгоҳи Катои Вошингтон, мувофиқ аст, ки давлатмардҳои амрикоӣ дар кишварҳои ба монанди Гурҷистон бояд робитаҳои васеътар дошта бошанд.
Аммо ба ақидаи ӯ, Вошингтон бояд шариконашро хеле боэҳтиёт интихоб кунад. Масалан, ӯ аз алоқаҳои наздик бо созмонҳои ғайридавлатӣ ҳушдор медиҳад, зеро аҳолии кишвар чунин робитаҳои наздикро метавонанд ҳамчун дахолат ба умури дохилии кишвар арзёбӣ намояд.
Ба ақидаи ӯ осон аст муайян кард, ки кадом давлат барои ИМА аҳаммияти бештаре дорад: “Ин натиҷаи арзёбии нодурусти аҳаммияти тавсиъаи доираи манфиъатҳои Амрико мебошад. Сиёсати дахолат ба доираи нуфузи таърихии Руссия аз аввал то охир сиёсати бесамар ва зараровар буд. Ва ин яке аз сабабҳоест, ки солҳои ахир муносиботи миёни ИМА ва Руссия шадидан сард гардид. Ва чаро Русия, ки имрӯз бесобиқа нерӯманду сарватманд аст, чунин дахолатро қабул надорад.”
Ба ақидаи Карпентер, Буш набояд ба хотири як кишваре, ки дар иваз чизе ҳам дода наметавонад, робитаҳояшро бо Руссия вайрон кунад.