Забони форсии тоҷикӣ ва масоили он

Авохири ҳафтаи гузашта масоили марбут ба забон, хатоҳои сарфу наҳвӣ, мушкилоти алифбои тоҷикӣ ва кутуби дарсӣ, масоили беш аз пиндори насру назми адабиёти миллӣ, набуди гуфтугӯи адабӣ ва таҳдиди ба миён омадани тафриқаи ҷиддӣ байни гуфтугӯи адабӣ ва забони адабӣ дар байни 60 тан аз адибону рӯзномангорони шинохтаи тоҷик мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар ҳамоише, ки дар толори бузурги ИНТ баргузор гардид, таъкид карда шуд, ки хатари ба феҳристи 300 забони мурда шомил шудани форсии тоҷикӣ ба эҳсос мегардад.

Ҷонибек Акобиров, сардабири маҷаллаи Садои Шарқ, дар муҳимтарин хатари пешорӯи забони форсии тоҷикӣ бударо дар набуди андешаи миллӣ, пайомади силлиҳои идеологии шӯравӣ ва аз забони хонаводагӣ берун мондани забони адабӣ мебинад.

Ато Мирхоҷа, раиси шуъбаи назми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон гуфт, дар заъфи забони давлатӣ шуарои солҳои 60 ва 70-и асри гузашта даст доштанд, ки каломи кӯчагӣ ва сустбунёд ироъа карданд ва шуарои муосири ҷавон, баракс, аз талошҳо кор гирифтанд, то забони шеърро ба асолат баргардонанд. Ба ақидаи Ато Мирхоҷа, барои рушди забони тоҷикӣ бояд хатти форсии арабӣ расман дар кишвар роҳандозӣ гардад. Ба бовари ӯ, аз як сӯ, надонистани расмулхатти форсӣ сактаҳо дар ашъори шуарои баркамоли тоҷик ворид кардааст ва, аз сӯи дигар, теъдоди хонандаи ин шеърро коҳиш додааст, ки эрониву афғон имкони мутолиъаи осори адибони моро надорад.

Вале Саттор Турсун, нависандаи халқӣ ва барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, набояд хатти форсиро ҳамчун расмулхат қабул кард, зеро дар ин маврид дастовардҳои ҳудудан 90 соли ахири тоҷикон берун аз мадди назар хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол шоири халқӣ Гуланзар Келдӣ гуфт, дуршавии шеваи тоҷикӣ аз дариву форсӣ дар «калка» ё тарҷумаи таҳтуллафзи русист, ки адибон ва ба вежа рӯзноманигорон имрӯз дар қабои андешаи русӣ тоҷикӣ менависанд.

Худоӣ Шариф, олими шинохташудаи тоҷик, мегӯяд, дар махлут ва мубрам шудани забони тоҷикӣ матбуоти даврӣ, ба вежа Садо ва Симо даст доранд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи Абдурраҳмон Абдуманнонов, муовини раиси кумитаи телевизион ва радиои кишвар, забони матбуот ба таҷдиди назар ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Оқои Абдуманнонов афзуд, миёни забони адабӣ, забони матубот ва гуфтугӯи адабӣ фосилаи назаррас мушоҳида мешавад, ки барои рушди забон зиён дорад.

А. Абдуманонов афзуд, ки барои рушди забони адабии тоҷикӣ бояд гуфтугӯи адабӣ низ рушд кунад, зеро ин ду паҳлӯи як масъалаанд.

Ва аммо шоири номдори тоҷик Муъмин Қаноъат бар ин андешааст, ки забони тоҷикӣ пешорӯи се хатар – адами гуфтугӯи адабӣ, аз забони зинда ба истода табдил ёфтани он ва набуди услуби иншои тоҷикӣ – истодааст.

Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгари тоҷик Мубашшири Акбарзод иллати бештари сари забони тоҷикӣ бударо дар набуди ҳайъати таҳририяи маъмул дар матбуот ва камсаводии рӯзноманигорони тоҷик мебинад. Ӯ ба гунаи муште аз хирвор аз хатои сарфу наҳвӣ дар ВАУ-и кишвар намунаҳо овард:

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳамакнун маҳалгароӣ аз долонҳои шеъру адаб ва фарҳанг домани худро то бар забони адабӣ кашидааст, ки ин махуфтарин хатар сари форсии тоҷикист.

Ҳамоиш тасмим гирифт, андешаҳои удабову уламои тоҷикро дар мавриди таҳоҷуми зеҳнӣ сари забони давлатӣ ва ислоҳи ғалату хатоҳои сарфу наҳвиро гирдоварӣ кардаву ҳамчун дастур барои расонаҳои хабарӣ интишор кунад.