Бозии ҷавобии ин дастаҳо имрӯз,18-уми ноябр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва 20 ҳазор мухлиси дигар сурат гирифт.
Барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ футболбозони моро танҳо пирӯзӣ бо таносуби на камтар аз се гол қаноатманд мекард. Зеро футболбозони тоҷик дар бозии аввал дар меҳмонӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 0:2 бохта буданд.
Бо шурӯъ шудани бозӣ, мизбонон ба ҳуҷум гузаштанд ва Раҳмоналӣ Баротов аз канори рости майдон тӯбро ба ҷаримагоҳи меҳмонон ҳаво дод. Ҷамшед Исмоилов ба тӯб соҳиб шуда, онро зуд вориди дарвозаи дастаи Сингапур кард. Голи зебо ба мухлисон хурсандии зиёд бахшид. Пас аз ин ҳам ҳуҷумҳои дастаи Тоҷикистон ба сӯи дарвозаи меҳмонон ҳамоно идома мекард.
Аз ҷараёни бозӣ маълум буд, ки мизбонон ташнаи голанд. Вале бозигарони тоҷик, бахусус, капитани даста Акмалҷон Холматов саргарми бозии инфиродӣ шуда, аз лаҳзаҳои мувофиқи голзанӣ истифода карда наметавонистанд.
Бозигарони Сингапур, ки, аслан, дар нимаи майдони худ аз паи ҳимояи дарвозаашон буданд, гоҳ-гоҳ ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд. Дар дақиқаи 15-уми бозӣ пас аз зарбаи Александр Дурич тӯб ба болочӯби дарвозаи дастаи Тоҷикистон бархӯрд. Ин як навъ ҳушдор ба футболбозони тоҷик буд, вале онҳо инро ҷиддӣ нагирифтанд ва баъди даҳ дақиқа (дақиқаи 27-ум) ҳамлагари меҳмонон Муҳаммад Нӯҳ Аламшоҳ аз масофаи тахминан 25 метр бо зарбаи сахту нишонраси худ дарвозабони дастаи Тоҷикистон Алишер Додовро маҷбур сохт, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Ҳамин тариқ ҳисоб баробар шуд – 1:1.
Қисми дувуми бозӣ низ бо бартарии мизбонон гузашт, вале бозигарони тоҷик боз чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро аз даст доданд. Ҳатто дар дақиқаи 75-уми бозӣ пас аз зарбаи Нуъмонҷон Ҳакимов тӯб ба болочӯби дарвозаи дастаи Сингапур бархӯрд. Сармураббии дастаи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев се нафарро иваз кард: ба ҷои Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов ва Нуъмонҷон Ҳакимов бозигарони ҷавон Дилшод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров ва ҳамлагари пуртаҷриба Ҷомихон Муҳиддинов ба майдон баромаданд. Дар ҳайъати дастаи Сингапур низ се нафар иваз шуданд. Вале бозигарони ба тозагӣ ба майдон воридшуда низ ҳисоби бозиро тағйир дода натавонистанд.
Натиҷаи мусовӣ бозигарони дастаи Сингапурро комилан қаноатманд кард ва онҳо пас аз анҷоми бозӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, аз он меболиданд, ки ба даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд.
Вале бохт аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 1:3 дастаи миллии Тоҷикистонро аз идомаи мубориза дар ин сабқат маҳрум сохт, ки боиси нигаронии ҳазорҳо мухлисони футболи тоҷик гардид.