Вакилони порлумони Гурҷистон рӯзи панҷшанбе бо аксарияти оро қарори бекор кардани дастури вазъияти фавқулодаро ба тасвиб расонданд. Ин фармонро президент Саакашвилӣ баъд аз наздик ба як ҳафтаи намоишҳои эътирози мухолифон бо талаби истеъфои ӯ ва пас аз даргирии полис бо тазоҳуркунандагон рӯзи 7-уми ноябр эълон карда буд.
Пеш аз раъйдиҳӣ, раиси порлумони Гурҷистон, Нино Бурҷанадзе, аз вакилон тавре даъват кард, ки натиҷаҳо мусбат шаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон чунин шеваи даъватро дар порлумони худ борҳо шоҳид шудаанд: "Таваҷҷӯҳ кунед, лутфан, мо барои тарҳи қароре раъй медиҳем, ки ризоияти порлумонро дар бобати бекор кардани вазъияти фавқулода сар аз соати ҳафти шоми 16-уми ноябр ба президент мерасонад. Ташаккур, тасмим гирифта шуд. 153 тарафдор ду зид."
Дар зимн тақрибан бо ҳамин шумори раъйҳо порлумони Гурҷистон нуҳуми ноябр дастури вазъияти фавқулодаро, ки президент Саакашвилӣ ҷорӣ карда буд, пуштибонӣ намуд, ин ҳам дар ҳоле ки вакилони мухолиф дар иҷлосия ҳузур надоштанд. Ин дастур ҳама гуна гирдиҳамоӣ ва фаъолияти расонаҳои мустақилро мамнӯъ гардонд. Далели Саакашвилӣ ин буд, ки мегуфт, дар паси тазоҳурот ва талабҳои истеъфо Русия қарор дорад ва ин як талоши табаддулоти давлатист. Бо фишори байнулмилалӣ вай нармтар гашт ва дар ҳоле ки қабл аз ин даргириҳо мухолифи тағйири таърихи интихобот буд, тарҳи баргузории интихоботи зудҳангомро барои 8 январ эълом дошт. Интизор меравад, ки лағви вазъи фавқулода ба маъракаҳои мӯътадили интихоботӣ мусоидат кунад.
Вазорати умури берунаи Иёлоти Муттаҳида аз ин қадами Гурҷистон истиқбол кард. Ин ниҳод ва ҳамчунин Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо Тифлисро ҷиддан ба лағви вазъияти фавқулода даъват мекарданд.