Ду рӯзи варзиши баланд

Пагоҳ, 17-уми ноябр, бахшида ба 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи саросарии кишвар оид ба гуштии миллӣ баргузор мешавад.

Наргис Набиева, сардори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар робита ба ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор хоҳад шуд. Ғолибони сабқати гуштӣ бо туҳфаҳои гаронқимат мукофотонида мешаванд. Зӯртарин паҳлавони ин мусобиқа соҳиби мошини сабукрави «Волга» ГАЗ-31 мегардад».

Як рӯз баъд, 18-уми ноябр, дар ҳамин варзишгоҳ дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо тими Сингапур рақобат мекунад.

Барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ барои футболбозони тоҷик танҳо пирӯзӣ бо таносуби на камтар аз се гол лозим аст: зеро дастаи Тоҷикистон дар бозии аввал дар меҳмонӣ аз сингапуриҳо бо ҳисоби 0:2 дучори шикаст шуда буд.

Ба гуфтаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон, дар бозии ҷавобӣ ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар аз ҳисоби Акмал Холматов, капитани бошгоҳи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Узбакистон, инчунин, аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар – Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев, Комил Саидов, Дилшод Восиев ва Самад Шоҳзуҳуров, ки дар бозии аввал дар Сингапур ширкат надоштанд, пурқувват хоҳад шуд.