Раҳмон гуфт, пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон низ аз натиҷаҳои иҷлосияи мазкур маҳсуб меёбад. Ӯ гуфт : «Агар дар ёд дошта бошед, дар соли 1995 буҷаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамагӣ 270 миллион доллар буд. Имрӯз маблағи буҷа яку ним миллиард доллар аст. Ва ҳар сол аз саду панҷоҳ то дусад миллион доллар зиёд шуда истодааст. Натиҷаи тинҷӣ, ваҳдат, сулҳу оромӣ ва заҳмати шабонарӯзии мардуми шарафманди тоҷик."
Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон ва коршиносон, дар понздаҳ соли баъди Иҷлосияи шонздаҳум, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромиш пойдор шудааст, аммо дар ин муддат Тоҷикистон натавонистааст, дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, ба пешрафт ва рушди чашмгире ноил гардад. Қисми зиёди аҳолии кишвар, тақрибан 60 дар сад аз рӯи омори расмӣ, дар қашшоқиву нодорӣ ба сар мебаранд ва дар Тоҷикистон ҷои кор пайдо наёфта, барои мардикорӣ ва дарёфти рӯзӣ ба Русия ва кишварҳои дигар сафар мекунанд. Коршинос - Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд : «Имрӯз Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст? Мо аз коррупсия озод шуда наметавонем. Ҳатто мансабҳои давлатӣ фурӯхта мешавад. Мардум азият мекашад. Одамон қашшоқанд. Вале як миқдори муайяни ночизи ҷомеа дар шахси мансабдорони давлатӣ аз тамоми беҳбудиҳое, ки курсии давлатӣ барояшон фароҳам меорад, истифода мебаранд. Тамоми шароити зиндагӣ барои онҳо муҳайё аст, вале мардуми заҳматкаш гурусна аст. Оё ин ба шарофати ҷаласаи шонздаҳум аст? Ва оё ҳамин аст он музаффарияте, ки имрӯз мо ба он расидем?»
Аммо Бобоҷони Икром – сардабири ҳафтаномаи «Вароруд» дар Хуҷанд, аз иштирокдорони иҷлосияи мазкур ба сурати якпорча боқӣ мондани Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонро муҳимтарин дастоварди иҷлосияи 16 – ум мехонад ва меафзояд: «Иҷлосияи 16 - ум аз он сабаб таърихӣ аст, ки пеш аз ҳама, ба бесарусомониҳо дар Тоҷикистон хотима ва баъдан ба барқарор шудани сохтори конститутсионӣ дар ин кишвар асос гузошт. Баъдан, тибқи қарорҳои ин иҷлосия гурезаҳо аз ғурбат ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ва ниҳоят, баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоятит миллӣ давраи нави рушди Тоҷикистн ҳамчун давлати соҳибистиқдлол, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд шурӯъ шуд.»
Иҷлосияи 16 – уми собиқ Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро аз курсии раиси кумитаи иҷроияи ҳукумати Кӯлоб ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ ва раҳбарии давлати Тоҷикистон овард. Ин замоне буд, ки фаъолияти ҳукумати муросои миллӣ дар Душанбе фалаҷ гашта, танҳо пойтахт ва атрофи онро таҳти контрол дошт. Зимоми ихтиёри манотиқи ҷануб ва шимоли кишвар тақрибан пурра аз дасташ берун рафта буд.
Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Баҳром Орипов – собиқ вакили Шӯрои олӣ ва иштирокдори Иҷлосияи 16 – ум, дар моҳи ноябри соли 1992 баргузории иҷлосия дар Хуҷанд (ба ҷои дар пойтахт – Душанбе) бо дархости вакилони манотиқи Кулобу Қурғонтеппа ва Хуҷанд сурат
гирифт. Ӯ афзуд, вакилони ин манотиқ аз омадан ба Душанбе ба хотири набуди амният даст кашиданд ва кворум ҷамъ наёмад. Пас, қарор шуд иҷлосия дар Хуҷанд баргузор гардад.
Зимнан, ба гуфтаи иштирокдорони иҷлосияи 16 – ум, амнияти Қасри Арбоб дар канори Хуҷанд ва бехатарии вакилонро нирӯҳои амниятиву низомии Русия ва Узбакистон бар ӯҳда гирифта буданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, бе иҷозаи низомиёни ин ду кишвар нафаре аз вакилон ҳаққи ворид шудан ба толори иҷлосияро надошт…
Ҷумъабой Ниёзов – сарвари ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, аммо сулҳи Тоҷикистон натиҷае набуд, ки танҳо баргузории Иҷлосияи 16 – ум дар пай овард, балки ҳосили талош ва муборизаҳои чандинсолаи аз ҷумла нирӯҳои мухолифини собиқ ҳам буд.
Ва ин нуктаест, ки ба ақидаи оқои Ниёзов, бо гузашти солҳо давлатмардони вақти Тоҷикистон аз он ҳар чӣ камтар ёд меоранд ва овардани сулҳ ба Тоҷикистон танҳо ба номи як гурӯҳ, балки як фарди сари қудрат рабт дода мешавад.
Дар ин робита Убайдулло Файзуллоев – сарвари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд мегӯяд, маҳз пазируфта нашудани ин нукта аз ҷониби ҷангандаҳои нирӯҳои ба истилоҳ Фронти халқӣ, ки дар Иҷлосияи 16 – ум дар моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раҳбари аввал гузоштанд, истиқрори сулҳ ва субот дар Тоҷикистон то соли 1997 ба дер андохт.
Ба ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон, бо ин ки аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ 15 сол сипарӣ мешавад ва бо вуҷуди тарғибу ташвиқҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати вақти Тоҷикистон ва тантанаву саҳнаороиҳо дар зимни таҷлил иҷлосияи мазкур то кунун натавонистааст ба худ ҷойгоҳ ва мақоми як ҷашни умумимиллӣ касб кунад. Ҳанӯз ҳам гоҳе дар маҳофили оддии сокинон ва гоҳе дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки иҷлосияи 16 – уми порлумони собиқ дар моҳи ноябри соли 1992 аз табаддулоти давлатӣ ва касби қудрат аз сӯи яке аз ҷонибҳои разманда беш набуд.