Баррасии сиёсати энержӣ дар Душанбе

Имрӯз, чаҳоршанбеи 15 ноябр, дар шаҳри Душанбе сиёсати энержии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баҳс ва баррасӣ хоҳад шуд.

Дар Душанбе 11-умин нишасти Шӯрои сиёсати энержии Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад.

Бино бар иттилоъи расмие, ки дафтари матбуоти ин Кумита интишор додааст, дар рӯзномаи ин нишаст масоили марбут ба ҳамгироии бештари кишварҳои узви иттиҳод ворид шудааст. Ширкатдорон, аз ҷумла, шароити таъсиси бозори ягонаи энержӣ ва истифодаи босамар аз захоири обӣ-энержии минтақаи Осиёи Марказиро матраҳ мекунанд.

Аз масоили муҳимми дигари ин нишаст роҳҳои афзудани муассирияти истифодаи имконоти энержии кишварҳои иттиҳоди иқтисодии Авруосиё будааст.

Шӯрои сиёсати энержӣ дар шаш соли қабл, моҳи ноябри соли 2001 дар як нишасти Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси ин Шӯро - ташкили бозори ягонаи энержӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳо дар ин самт миёни кишварҳои узви Иттиҳод будааст.