Як ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Берлин сафар кард, то дар ҳамоиши намояндагони ин минтақа ва масъулони Иттиҳоди Аврупо ширкат кунад. Дар он ба ғайр аз фиристодагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ намояндагони Афғонистон ва Озарбойҷон низ ҳузур доранд.
Яке аз ширкаткунандагони ҳамоиши Берлин, шоҳзода Карим Оғохон, раҳбари маънавии исмоилиён, ба афзоиши сармоягузориҳои байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ даъват кард. Вай ҳамчунин ба зарурати таҳкими зербинои иқтисодӣ дар ин минтақа, хоса шабакаҳои роҳу нақлиёт таъкид кард. Вазири умури хориҷии Олмон Франк Волтер-Штейнмайер гуфт, зимни захираҳои бузурги нафту газаш аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Аврупо дар ҳоли афзоиш аст. Кумисионери умури берунаи Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферреро Валднер гуфт, тиҷорат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар солҳои охир босуръат густариш меёбад ва ҳоло ин иттиҳод яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Осиёи Марказӣ буда, 30 дарсади тиҷорати ин минтақаро ба худ тахассус додааст.
Мушовири сафорати Тоҷикистон дар Олмон Игор Сатторов мегӯяд: "То он ҷо ки дар Иттиҳоди Аврупо ба мушоҳида мерасад, аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Аврупо дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт. Баъд аз понздаҳ соли истиқлолият давлатҳои Осиёи Марказӣ аллакай дар соҳаҳои ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба пешрафтҳои муҳиме ноил шуданд, аммо бо сабаби дар иҳотаи хушкӣ будани роҳи дарёӣ надоштанашон ва ҳамсарҳад набуданашон бо кишварҳои муҳим, худи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди аврупо таваҷҷӯҳи зиёд медиҳанд, то аз таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо дар рушди минтақаӣ сабақ бардоранд. Худи иттиҳод низ ба ин ҳамкорӣ рағбат дорад. Он мехоҳад дар эҳёи долонҳои нақлиётӣ ва эҳёи Роҳи бузурги Абрешим мусоидат кунад, ки метавонад ба эҳёи иқтисодии минтақа сабаб гардад."
Ба ин тартиб як бозингари дигари нирӯманди саҳнаи геополитикии Осиёи Марказӣ фаъолтар мешавад ва ҷойи пои худро мехоҳад. Оё дар Душанбе ба ин таҳаввулоти тоза чи назар доранд. Ин мавзӯъро ин ҷо метавонед, мутолиа кунед.