Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 19-сола, ки соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё дар бозии охирини худ дар гурӯҳи «С» бар дастаи мизбон - Қатар бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба карда, бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтанд.
Дастаи Сурия бо 7 имтиёз дар мақоми дувум аст. Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин, ки рӯзи 14-уми ноябр миёни тимҳои Бутан – Сурия ва Туркманистон – Қатар доир мегардад, дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ҷадвали бозиҳои Тоҷикистон:
06 ноябр: | Тоҷикистон | 4-0 | Туркманистон |
08 ноябр: | Тоҷикистон | 1-1 | Сурия |
10 ноябр | Бутан | 0-8 | Тоҷикистон |
12 ноябр: | Қатар | 0-4 | Тоҷикистон |