Маргталаб 5 касро маҷрӯҳ кард

Имрӯз дар ҷануби Афғонистон як бомбгузори маргталаб панҷ шахси осоиштаро маҷрӯҳ намуд. Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, ҳодиса дар минтақаи Гиришки вилояти Ҳилманд замоне ба вуқӯъ пайваст, ки сарбозон ба оилаҳои бепарастон кумак тақдим менамуданд.