Аммо дар ин сафар мо танҳо нестем ва моро як гурӯҳи хатмкардаҳои барномаи табодули хонандагони шӯрои Амрико "Флекс" ҳамроҳи мекунанд. Онҳо ба ҳашар мераванд, яъне ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Кибил, ки аз нав хона месозанд, кӯмак хоҳанд кард.
Норак дар 70 километрии Душанбе воқеъ буда, он бо нерӯгоҳи бузурги барқи обии худ машҳур аст. Ба зебоии табиати ин диёр, оби мусафо ва кабудии обанбори Норак, ки дар миёни кӯҳҳои осмонбус бунёд гардида, аз нурҳои дурахшони офтоб ҷило мегирад, ҳусн зам мекунад.
Дар масири он дар мавзеъи ағбаи Чормағзак як гурӯҳи кудакону наврасон ба тиҷорати себу ангур, писта ва самбуса машғуланд. Баробари истодани мошинҳои мусофиркаш ҳамаи ин бачаҳо ба ҷониби онҳо саросема давида, маҳсулоти худро тарғиб мекунанд.
Қариб дар ҳамаи деҳаҳо зиндагии духтарон якрангу яксон, сипарӣ мешавад. Рӯзгори духтарони деҳаи Кибил ҳам чун духтарони ҷамоъати Зиддӣ, ки мо қаблан аз он дидан доштем, бо корҳои вазнини хоҷагӣ дар хона, дар интизори шавҳари оянда, дар олами орзуву хаёл, сипари мешавад. Қариб ҳамаи ин духтарон таҳсили худро баъд аз хатми мактаб идома надода, аз деҳаи худ берун намераванд. Бо иллати дурӯ аз таҳсил, фановариҳои итилоъотӣ, доираи фаҳмиш ва ҷаҳонбинии аксарияти ин духтарон танг гаштааст. Дар ҳамин ҳол бисёре аз онҳо ба чунин шакли зиндагӣ одат карда, худро хушбахт эҳсос мекунанд.
Ҳаёти ҷавонписарони ин деҳа якрангу яксон аст. Бекории шадид ин ҷавононро домангир аст ва теъдоди аъзами онҳо рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Аз ин рӯ шумори ҷавонписарон дар деҳа хеле кам аст.
Барномаро метавонед бо пахши ишора дар боло дар тарафи рости саҳифа бишнавед.