Чаро дар Русия ду анҷумани тоҷикон барпо гашт?

Муҳоҷирони тоҷик аз вилояти Волгогради Русия.

Дар байни як ҳафта дар шаҳри Маскав паиҳам ду анҷумани ҷудогонаи тоҷикони Русия барпо шуда, ду иттиҳоди ҷомеаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсис ёфт.
Рӯзи шанбеи 10-уми ноябр дар Маскав анҷумани созмону ҷомеаҳои муҳоҷирони тоҷики Русия барпо гардид. Дар он фиристодагони муҳоҷирон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ширкат карданд. Қарор аст, дар ин анҷуман дар бораи бунёди иттиҳоди ягонаи созмонҳои муҳоҷирон дар саросари Русия тасмим гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки айни чунин анҷуман рӯзи 5-уми ноябр ва он ҳам низ дар Маскав ҷараён ёфта, дар он аз таъсиси созмони ягонаи тоҷикон дар Русия хабар дода шуд.

Муассисони ҳарду анҷуман худро масъули сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар Русия меноманд. Тафовут танҳо дар ин аст, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар анҷумани аввал ширкат дошт, аммо анҷумани дувум бе иштироки ӯ гузашт.

Ба ин тартиб дар Маскав дар байни як ҳафта ду анҷумани ҷудогонаи тоҷикони Русия барпо шуда, ду иттиҳоди ҷомеаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсис ёфт. Бархе аз ширкаткунандагони арнҷумани дуввум изҳор доштанд, ки бояд ҳарду созмон бо ҳам муттаҳид гарданд.

Як анҷуман аз тарафдорони ҳукумат аст ва анҷумани дигар аз созмонҳои мустақил...
Журналисти тоҷики муқими Русия ва муассиси ҷумбиши "Ватандор" Додоҷони Атовулло, ки худро яке аз муҳоҷирони тоҷик мешуморад, мегӯяд, дар ҳеч яке аз ин ду анҷуман ширкат наҷуст, аммо ба ин бовар аст, ки анҷумани аввал бо кӯшиши мақомоти ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, то аз таъсис ёфтани як иттиҳоди мустақили муҳоҷирон пешгирӣ кунад. Вай мегӯяд, андешаи таъсиси як созмони ягона ва нируманди тоҷикон дар Русия нахустин бор аз тарафи раиси Лигаи Мардумии Тоҷикон ё Тоҷикдиаспора Каромат Шарифов эълон шуда буд, вале азбаски Шарифов дар изҳороту мусоҳибаҳои худ роҷеъ ба вазъи сангини муҳоҷирони тоҷик дар Русия пайваста мақомоти давлати Тоҷикистон танқид мекард, ҳукумати Тоҷикистон нахост, ки иттиҳоди ягонаи тоҷикони Русия таҳти сарварии Шарифов таъсис ёбад.


Воқеан, Лигаи Мардумии Тоҷикон дар муроҷиатномаи худ рӯзи 25-уми сентябри соли равон аз даъват шудани аввалин анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Русия хабар дода буд. Дертар, рӯзи 9-уми октябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ин созмон шикоят кард, ки талошҳои он барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлати Тоҷикистон дар ташкили ин анҷуман бенатиҷа боқӣ монда, баракс муносибати намояндагони лига бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бадтар шудааст. Дар изҳороти Каромат Шарифов ҳамчунин гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номаҳои Лигаи Мардумии Тоҷикон посух надодааст. Мақомоти лига мегӯянд, онҳо мехостанд, дар анҷуман президенти Тоҷикистон низ ширкат кунад. Ибтидо, қарор буд, анҷмуна рӯзи 22-юми октябр барпо шавад. Дар ин байн сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон даъват карданд, ки анҷумани тарҳрезикардаи Каромат Шарифовро бойкот кунанд. Ҳамзамон ин сохторҳо ба таҳияи анҷумани алтернативӣ пардохтанд. Шарифов мегӯяд, аз сафири Тоҷикистон дар Русия Достиев расман хоҳиши мулоқот кард, аммо чунин мулоқот барпо нашуд, балки баракс номаҳое нашр гардид, ки дар онҳо аз муҳоҷирон хоста мешуд, зери таъсири манфии Каромат Шарифов қарор нагиранд.

Ба ақидаи бархе аз муҳоҷирони тоҷик, Шарифов дар чанд соли охир барои онҳо талошҳои ҷиддие анҷом дод. Се филми мустанаде, ки вай дар бораи беҳуқуқӣ ва машаққати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба навор гирифт, дар тағйири афкори иҷтимоӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсир доштанд ва ҳамчунин таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалиро ба вазъи ин муҳоҷирон ҷалб карданд. Шарифов мегӯяд, ҳадафаш сиёсатбозӣ нест, балки кори амалиест, ки ба вазъи муҳоҷирон беҳбудӣ орад.

Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав гуфт, "вакилон ба анҷумани Кароматулло Шарипов аз тарафи созмонҳои маҳаллӣ ва минтақаии тоҷикон дар Русия интихоб шуданд, аммо вакилони анҷумане, ки сафорати Тоҷикистон гузаронд ва як созмони кисагии худро таъсис дод, аксаран афроди тасодуфӣ буданд ва аз гурӯҳҳои бузурги муҳоҷирон намояндагӣ намекарданд."

Бархе аз муҳоҷирон дар ҳарду анҷуман ширкат карданд ва мегӯянд, ташкил шудани ду созмони ҷудогона як нишонаи дигари нотифоқии тоҷикон аст. Ба ақидаи онҳо, ҳамгироӣ ва ҳамкории ояндаи ин ниҳодҳо ба иродаи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар Русия бастагӣ хоҳад дошт.