Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, бегаҳи рӯзи чаҳоршанбе, баъди саркӯб шудани гирдиҳамоии мухолифин аз сӯи пулис тавассути гази ашковару тирҳои резинӣ ва калтакҳо, дар бораи эълони вазъи фавқулода амр содир кард.
Намоиши эътирозии ҷонибдорони аҳзоби мухолифини ҳукумат дар канори бинои порлумон рӯзи 2 ноябр шурӯъ шуд ва дар он тақрибан 70 000 нафар гирдиҳамомадагон интихоботи қаблазвақтӣ ба порлумон, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб мекарданд. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳҳати Гурҷистон, бар асари бархӯрди кормандони пулис ва нерӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон беш аз 500 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтанд.
Мақомоти кишвар, ба ҷуз барномаҳои садову симои ҳукуматӣ, пахши барномаҳои шабакаҳои дигари радиову телевизиониро манъ карданд. Шоми дирӯз бинои ширкати телевизиони «Имедиа», ки аз гирдиҳамоии мухолифин гузоришҳои мустақим пахш мекард, аз сӯи пулис ва хадамоти амниятӣ тасарруф шуд.
Ба дунболи ин Георгий Арвеладзе, вазири иқтисоди Гурҷистон, дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис гуфт: «Тибқи амр дар бораи вазъи фавқулода фаъолияти расонаҳои хабарӣ маҳдуд карда мешавад, сухан сари родиёву телевизион меравад ва на сари нашрияҳо». Ӯ афзуд, ки ташкили гирдиҳамоиҳо ва нашри ахбор тавассути радиову телевизион маҳдуд хоҳад шуд.
Сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки тибқи Қонуни асосии Гурҷистон, амр дар бораи вазъи фавқулода ба таври оҷил татбиқ мешавад, аммо он бояд таййи ду рӯзи минбаъда аз сӯи порлумони кишвар пазируфта шавад.
Дар ҳамин ҳол саркӯбсозии гирдиҳамоии мухолифин ҳам дар Гурҷистон ва ҳам дар хориҷи кишвар сару садои зиёде барангехт. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар – «Ҳюман Райтс Вотч» аз сӯи ҳукумат суиистифода шудани нерӯро маҳкум кард ва возеҳ изҳор намуд, ки «мақомот барои маҳдуд сохтани озодиҳои бунёдии мардум ҳақ надоранд». Раҳбарони кишварҳои хориҷӣ аз ибрози назар дар мавриди буҳрони Гурҷистон худдорӣ карда, танҳо ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва таҳаммул даъват намуданд. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида Гордон Ҷондрой аз ҳукумат ва мухолифини Гурҷистон хост, ки аз хушунат парҳез кунанд ва сари музокироти созанда нишинанд. Хавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор кард, ки «ихтилофоти сиёсӣ бояд дар чаҳорчӯби меъёрҳои демократӣ ҳаллу фасл шаванд». Як сухангӯи Солана ҳамчунин хабар дод, ки Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст рӯзи ҷумъа фиристодаи вижа оид ба минтақаи Қафқози Ҷанубӣ Питер Семнебиро барои машварат дар бораи вазъи Гурҷистон ба Тбилисӣ фиристад.
Вале дар ҳамин ҳол вокуниши Маскав дар робита ба ҳаводиси ахири Тифлис шадидуллаҳн буд, зеро Михаил Саакашвилӣ дар ташкили бенизомиҳои кишвараш маҳз Русияро муттаҳам кард. Ӯ зимни суханрониаш тавассути телевизион гуфт, ки гирдиҳамоиҳо аз сӯи Кремл таҳия шудаанд ва «ҳадафи онҳо то охири сол сарнагун кардани ҳукумати феълии Гурҷистон буд». Ба дунболи ин Тифлис дар бораи ихроҷи се дипломати рус аз кишвараш тасмим гирифт. Вазорати хориҷаи Русия ин амали Тифлисро «иғвои бемасъулиятона» номид.