Нигарониҳои байнулмилалӣ аз авзоъ дар Гурҷистон

Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Паймони Атлантики Шимолӣ, Дидбони ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои дигар аз вазъ дар Гурҷистон изҳори ташвиш карданд.

Як рӯз баъд аз эълони вазъияти фавқулодда дар Гурҷистон ба дунболи саркӯби хушунатомези тазоҳуркунандагон, нирӯҳои ҳарбии ин кишвар ба кӯчаҳои Тифлис баромаданд. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дирӯз, пас аз наздик ба як ҳафтаи намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти ин кишвар аввал дар Тифлис ва сипас дар саросари Гурҷистон вазъияти фавқулодда эълон кард. Бо ин дастур ҳамчунин фаъолияти расонаҳои электронии гурӯҳӣ қатъ гардид.

Саакашвилӣ Русияро дар таҳрик додани ин эътирозҳо айбдор кард, вале Маскав иттиҳомро рад намуд ва сухангӯи Вазорати умури берунаи Русия Михоил Каминин имрӯз гуфт, Гурҷистон ба як бӯҳрони ҷидди башарӣ моил шудааст.

"Мавқеъи мо аз он ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои асосии ҳуқуқи инсон, ниҳодҳои байнулмилал, монанди Созмони Милал, Шурои Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд мақомоти Тифлисро ба қатъи зӯроварӣ ва шурӯъи эҳтироми комили ҳуқуқи инсон ва бидуни зӯр тибқи конститутсия ҳал кардани масъалаҳои дохилисиёсӣ даъват кунанд."

Сарони оппозисюни Гурҷистон имрӯз гуфтанд, баъд аз задухӯрдҳои рӯзи чоршанбе, ки дар онҳо полис аз гази ашковар, обзан ва тирҳои резинӣ истифода кард, тазоҳуротро қатъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Шӯрои Аврупо Террӣ Дейвис ҳамаи тарафҳои зидахли гурҷиро ба хештандорӣ даъват кард. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба ин даъват шарик шуданд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико Шон Маккормак гуфт, ҳама гуна тафовутҳои сиёсӣ бояд дар доираи низоми сиёсии Гурҷистон ва бо роҳи осоишта ҳал шаванд. На ҳукумат ва на мухолифон бояд дониста ҳеч иқдоми таҳрикомезе нагузоранд, ки ба хушунат боис гардад. Вай аз тарафҳои гурҷӣ хост, ба муколамаи сиёсӣ бартарӣ диҳанд.

Дабири кулли Паймони атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, ончи дар Гурҷистон мегузарад, мояи нигаронии махсус аст ва ба арзишҳои НАТО ҷавобгӯ нест.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч гуфт, корбурди тирҳои резинӣ дар пароканда кардани тазоҳуроти Тифлис сӯистифода аз нирӯ ба шумор меравад.