Бисёре аз масъулин ва коршиносон мегуянд, расонаҳои хабарӣ ба далоили мухталиф дар равандҳои ҷомеа таъсири чандоне надоранд ва ба ин далел наметавонанд рисолати худро дар ҷомеа ба сурати комил адо кунанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуде ахиран таъсири матбуот руи тасмимгириҳои мақомот бо ҳадде эҳсос мешавад, аммо ҳамчунон матбуот ва расонаҳо натавонистаанд ҷойгоҳи худро дар ҷомеа барқарор кунанд.
Бархе аз коршиносон ва масъулини дигар мегуфтанд, як иллати таъсиргузор воқеъ нашудани матбуот зеҳнияти носозгор ба воқеъияти муосири мақомот аст ва адами таваҷҷуҳи масъулин ба матолиби расонаҳо. Ба гуфтаи ин коршиносон, мақомот одат кардаанд, ки дар симои расонаҳои мустақил мухолифи худро бубинанд ва дар матолиби интиқодии онҳо душманиро.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров - доктори иқтисод, ки нақши матбуот дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварро таҳлил мекард, гуфт, агар давлат ба пешниҳоди олимон ва иқтисоддонон, ки тавассути расонаҳо мунташир шуд, таваҷҷуҳ мекард, имкон дошт аз болоравии қиматҳои бозор ҷилавгирӣ кунад.
Марат Мамадшоев - сардабири ҳафтаномаи «Азия плюс» мегуяд, ҳамоно худсензурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоид барои изҳори назар аз сабабҳои аслии кундии матбуот аст, ва боис шудааст, ки расонаҳо натавонанд дар равандҳои ҷомеа таъсир бигузоранд ва ин равандҳоро танзим кунанд.
Коршиносон ҳамчунин иллатҳои дигареро низ дар муассир набудани фаъолияти расонаҳо ном мебаранд. Назири камбуди кадрҳо, мушкилоти иқтисодӣ барои ҷалби мутахассисон ба кор дар расонаҳо, мавҷуд набудани рузномае, ки ҳар руз дарбиояд ва адами ҷасорат барои матраҳ кардани масоил ва набудани рақобат дар саҳнаи расонаҳои телевизонӣ низ аз иллали муассир набудани васоити ахбори умум аст.